Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таърихномаи Иҷлосияи тақдирсоз (бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Таърих гувоҳ аст, ки аз замони қадим ниёгони арҷманди мо бо фарҳангу тамаддуни оламгир, дастовардҳои бузурги маънавию моддӣ, давлатдорию давлатсозӣ, шаҳрнишинию шаҳрдорӣ ва қонундорию қонунэҷодкунӣ, то ба имрӯз дар минтақаи Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд.

Тоҷикон, бо вуҷуди ҳазорсолаҳо дар зери ҷабру ситами аҷнабиён будан, тавонистанд бо дастовардҳои безаволи фарҳангию илмӣ, осори пурғановати адабӣ, чеҳраҳои мондагори ҷаҳонӣ дар ҳар давру замон мавҷудияти худро ҳифз ва истифода намоянд. Дар сарзамини аҷдодии тоҷикон абармардону фарзонагоне ба дунё омадаанд, ки ҳар кадом аз ин шахсиятҳо дар замони хеш ва баъд аз он бо ҳикмату хирад, илму маърифат ва фазилату ҷасорат мондагор гардидаанд.         

Барои миллати тоҷик, баъд аз ҳазор соли таназзули давлати Сомониён, имконият фароҳам омад, ки бо мушкилию беадолатиҳои зиёд дар порчае аз сарзамини аҷдодӣ давлатеро бо номи Тоҷикистон таъсис диҳад. Сарҷамъ шудани миллат дар доираи давлате дар чаҳорчӯбаи низоми давлатдории Шӯравӣ дастоварди бузурги миллӣ ба ҳисоб мерафт.

Ҳамин тавр, 9-уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайри навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қарор дар хусуси дохил кардани тағироту илова ба Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон” қабул гардид ва Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра эълон карда шуд. Баъд аз қабули ин санади тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонӣ чун давлати соҳибистиқлол ба вуҷуд омад ва марҳилаи навини давлатдории миллӣ дар таърихи тоҷикон шурӯъ гардид.     

Мутаасифона, кишвари ҷавони Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлол бар асари мудохилаҳои баъзе кишварҳои хориҷӣ ва ҷараёнҳои дохилии харобиовар, ки аз беруни мамлакат идора мешуданд, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ҷомеаро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид.

Маҳз дар ҳамин гуна вазъи мураккаби сиёсӣ барои барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини волоияти қонун, сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст масъулияти бузургро дар назди халқу ватан бар ӯҳда гирифта, дар ин Иҷлосия дурнамои тараққиёт ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кард.

Иҷлосия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон”, “Дар хусуси тасдиқи Низомномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия” қабул кард, ки тибқи ин қонун ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯши Раёсати Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон вогузор карда шуд ва Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Сардори давлат эълон гардид.

 Иҷлосияи мазкур дар давраи ниҳоят мушкил ва вазъи душвори сиёсии ҷомеа доир шуд. Вазифа ва ҳадафҳое, ки дар пешорӯи  ҷомеаи кишвар меистоданд, ҳифзи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини ҳарчи зудтари сулҳу ваҳдат, наҷот додани миллат аз вартаи буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва давлати мустақили тоҷикон, омода намудани шароит ва заминаҳои мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёт бар осори ҷанги таҳмилии дохилӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Аз иҷрои қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи давлати  соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини воқеии волоияти қонун, пойдории қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагии калон дошт. Дар ин Иҷлосия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо дар барои авфи умум, гурезагон, имтиёзҳо барои оилаҳое, ки саробони хешро аз даст дода буданд, қабул гардиданд.

Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ халқи тоҷик тавонист зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад.

Миллати тоҷик, халқиятҳои Тоҷикистон ва кулли сокинони мамлакат, новобаста аз мансубияти нажодӣ, забон ва урфу одат, ба сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар эътимоду боварии зиёд доранд ва барои зиндагии шоиста, рушду тараққиёт ва ояндаи дурахшон якдилона меҳнат мекунанд.

Дар айёме, ки халқи шарафманди тоҷик бо як ҷаҳон  фараҳманди ва меҳру муҳаббат ҷашни 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол менамояд. Кормандони илмии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба ин ҷашн аз иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз маводҳоро ҷамъоварӣ намуда, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  толори намоишӣ таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз” созмон диҳем.

Хоҷаева Муҳаррамахон – мудири шуъбаи таърихи

давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаърихномаи Иҷлосияи тақдирсоз (бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Scroll to Top