Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи ҷавонон ба Осорхонаи вилояти Суғд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.     

Санаи 21 уми октябри соли равон гурӯҳи ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд. Ҷавононро омири кулли МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. пешвоз гирифта аз таърихи таъсисёбии осорхона маълумот доданд. Баъдтар аз тарафи яке аз ҷавонони болаёқату боистеъдоди маҷмаа роҳбалад Махсумов Ш. сайри илмӣ гузаронида шуд. Дар рафти сайри илмӣ ҷавонон бо таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик огаҳӣ пайдо карданд ва дар охир дар китоби “Фикру мулоҳизоти меҳмонони фахрӣ” таманниёти худро ба таври зайл иброз намуданд.

Аз номи ҷавонони вилояти Хатлон ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху фарҳанги бою ғанӣ вилояти Суғд соядасти худро мегузорам. Воқеан ин осорхонаи таърихи дорои ҳамагуна анъанаҳои таърихи мебошад, аз тамошои он таассуроти баланд гирифтем.

Бо эҳтиром,

Адолати Маҳмадалӣ соҳибкорони ҷавони шаҳри Леваканти вилояти Хатлон.

Сайфиева Шарифахон - мудири шӯъбаи оммавӣ-                                                          фарҳангии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 

               

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи ҷавонон ба Осорхонаи вилояти Суғд
Scroll to Top