Санаи 20 октябри соли ҷорӣ, меҳмонон ва рӯзноманигорони кишвари Ӯзбекистон, таҳти роҳбарии Сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” аз шаҳри Самарқанд, Шерпӯлод Вакилов ва сармуҳаррири маҷмааи адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ тоҷикони Ӯзбекистон, Асадуллоҳ Исмоилзода, аз Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.
Меҳмононро Омири кулли муассиса Иброҳим Иброҳимов пешвоз гирифтанд. Баъди вохӯрӣ меҳмонон гуфтанд, ки ҳарчанд аз телевизиону шабакаи интернет ва наворҳо, оид ба шаҳри куҳанбунёди Хуҷанд, обидаҳои (ҳайкал) таърихӣ, осорхона ва боғи фарҳангию фароғатӣ Камоли Хуҷандӣ дида будем, аммо аз наздик шинос шудан бо чунин макони биҳиштосо кайфияти дигаре доштааст. Ёдгории меъмориҳои ноёб дар осорхона гузошта шудаанд, хело нодир ва қадима ба шумор мераванд, ки ба мо хело таассуроти зиёде боқӣ гузошт.
Инчунин, хона музейи Шайх Хоҷа Камол, ҳавлиҳои даврони қадим, боғ, ҳавз, чоҳ, ҳунармандӣ, урфу одат ва зисту зиндагонии гузаштаро ба хотир меоварад. Сипас, меҳмонон аз мақбараи рамзии Шайх Хоҷа Камол бо дуои хайр зиёрат кардаанд.
Бояд гуфт, ки шаҳри бостонии Хуҷанд бо ин ҳама қадамҷойҳо, боғи фарҳангию фароғатӣ, осорхона, мақбара ва маҷмааи таърихӣ наметавон дар як лаҳза ҳамаашро тасвир кард.
Меҳмонон аз назди ҳар як маҷмааи ёдгорӣ ва таърихӣ аксбардорӣ намуда, як ҷаҳон маънӣ гирифтанд, ки ин хотираи некро боқӣ гузошт.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.