Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Медали “Собиқадори меҳнат”(Ветеран труда)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Медали “Собиқадори меҳнат” («Ветеран труда») мукофоти давлатҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба ҳисоб рафта, бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аз 18 январи соли 1974 таъсис дода шудааст. Муаллифи лоиҳаи медал, рассом С.А.Паманский мебошад. Аз рӯи маълумоти соли 1995 тақрибан 39 197 100 нафар бо ин медал тақдиронида шудааст. Бо ин медал нафарони дар соҳаи хоҷагӣ, илм, фарҳанг, тандурустӣ, дар муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъияти  коркарда, аз он ҷумла  шахсоне, ки ба синни   балоғат нарасида дар вақти Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар завод кор кардаанд, мукофотонида мешуданд. Медал дар қисмати чапи қафаси сина  баъд аз медали “Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945” (“За доблестный труд в Великой Отечественной Войне 1941-1945гг”) овехта мешавад.         

Медали “Собиқадори меҳнат” шакли давра дошта аз фулуз сохта шудааст. Дар қисмати рӯйи медал расми досту болға ва шохаи барги ғор тасвир ёфтааст. Дар қисмати поёнии ин расм дар дохили ҳошияи тасмамонанд навиштаҷоти “Ветеран труда” мавҷуд аст. Қисмати қафои медал, дар мобайнаш навиштаҷоти “За доблестний добросовестный Труд” дорад. Медал бо воситаи ҳалқа ба колоткааш пайваст шудааст. Колоткаи медал аз фулуз сохта шуда шакли 5 кунҷа дорад. Аз болои он тасмаи абрешимини хокистарранг, ки дар он 3 хати сурх мавҷуд аст, рӯйкаш шудааст.                                                                                       

Дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намуди зиёди  медалу орденҳо маҳфуз аст. Аз он ҷумла, якчанд медали “Собиқадори меҳнат” –и мардуми халқамон мавҷуд аст, ки  Ин гуна медалҳоро ҳамасола бахшида ба Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишии алоҳида ташкил карда, ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Пӯлотова Нигора

корманди илмии шӯъбаи таърихи

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМедали “Собиқадори меҳнат”(Ветеран труда)
Scroll to Top