Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Кӯмак ба пахтакорон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Имрӯзҳо ба пахтакорони шӯҳратманди вилоят давраи пурмасъулият фаро расидааст, ки ҳосили тиллои сафедро  тезтар чида ба хирмани давлат супоранд. Алҳол, дар пахтазорон пахта саросар шукуфон интизори чидан аст. Барои кӯмак ва чидани “тиллои сафед” дар қатори дигар мақомотҳою ташкилотҳо ва чинакчиёни сабукдаст саҳми ёрдамчиёни Муассисаи давлатии  “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳар ҳафта бо ташабусси  супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои беталаф чидани ҳосили фаровон,  зиёда аз 20 нафар ба майдони пахтазорҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сафарбар карда мешаванд. Гуфтан ба маврид аст, ки пахта айни замон яке аз омилҳои муҳими ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва дастурхони мардум ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мусоидат мекунад, ки нақши он дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон беандоза бузургу назаррас аст.

Гуфтан зарур аст, ки бо назардошти чунин омилҳо ҳар як шаҳрванди кишвар барои  то ба охир чидани “тиллои сафед” саҳмгузор бошанд. Аҳли кормандони муассисаи мазкур тасмим гирифтанд, ки то ба фатҳи марраи мурод расидан кӯмаки худро аз пахтакорон дареғ намедоранд.   

Яҳёева Дилрабо-корманди

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО Кӯмак ба пахтакорон
Scroll to Top