Ҳамасола дар фонди Осорхонаи вилояти Суғд китобҳову ашёҳои таърихиву фарҳангӣ ба тариқи комиссия харидорӣ мешавад. Дар комиссия харидории навбатӣ 38 адад ашёҳои таърихӣ ва 11 адад китобҳои нодиру чопи сангӣ харидорӣ карда шуд, ки яке аз он китоби “Тарҷумаи форсии Шарҳи виқоя маа Мултақиюл баҳр” мебошад. Китоби мавриди назар соли 1302/1884 аз тарафи Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Ҳалабӣ дар матбааи Нувал Кишури Ҳиндустон нашр шудааст. Китоб чопи сангӣ буда аз ду ҷилд иборат аст, ҷилди аввал аз 184 саҳифа ва ҷилди дувум аз 244 саҳифа иборат мебошад. Забони асар форсӣ-тоҷикӣ буда, калимаҳову ибораҳои арабӣ низ дида мешавад. Мавзӯи меҳварӣ китоби мазкур масоилӣ дини, аз қабили аҳкоми намоз, рӯза, закот ва ғайра мебошад. Андозааш 27х17,5 мебошад, ҳар саҳифа дороӣ 21 сатр матн мебошад, ҳошия ҳам дорад. Дар ҳошияаш баъзе тавзеҳоти ибораву калимаҳои душворфаҳм қаламдод шудааст.
Баротова М. – китобдори калони
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”