Санаи 12 -уми соли равон дар доираи сафари корӣ, ҳайати гурӯҳи журналистон аз кишвари Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сарварии Олимҷон Усаров - Раиси Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд. Ҳадаф аз ташриф овардани меҳмонон ин бохабар шудан аз фарҳангу таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад. Нахуст меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Зимни шиносоӣ меҳмонон аз толори намоишгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ошно гашта, аз таърихи фарҳанги қадимаи тоҷикон огоҳӣ пайдо намуданд. Сипас, аз тарафи роҳбалад - Маҳмудов Н сайри илмӣ гузаронида шуд, ки воқеан хотирмон буд. Сониян пас аз дидан меҳмонон тассавуроти хешро ба китоби мулоҳизоти меҳмонони фахрӣ ба таври зайл ёддошт намуданд.
“Ман аз дидану мушоҳида намудани Осорхонаи таърихӣ хеле мутахассир шудам”.
Қобили зикр аст, ки осорхона хело ғанӣ буда, ҷаззобу диданӣ, ва муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ аз даврони куҳан то замони мо ҷамъовари шудааст пеши назар мегузарад.
Олимова Н – ҷониши омир
оид ба корҳои илмӣ