Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шероза ё худ ҷиҳакбофӣ – навъи ҳунари гулдӯзист

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шероз, шероза ё худ ҷиҳакбофӣ – дар фарҳанги мардумӣ ҳамчун як унсури ороишии либоси занона, мардона, бачагона, тоқӣ ё дигар кулоҳҳо, дар даври гиребону сари остини курта, ду пеши бар ва остину лаби домани ҷома, инчунин девориҳову чойнакпӯшҳову дигар чизҳои рӯзгор ба монанди оинахалта, шонадон ва ғайра бо нахҳои тобида йурмадӯзӣ ва ё дастӣ дӯхта  мешавад.

Шерозадӯзӣ – як навъи ҳунари гулдӯзӣ мебошад. Шероз – тасмачаи дарози нақшинест, ки тақрибан аз 2 то 12 см бар дорад. Бару дарозӣ, нақш ва шакли шероз аз истифодаи  он вобаста аст. Ҷараёни омодашавии шероз аз ду давра иборат аст. Аввал аз риштаҳои сиёҳ ё сафед асоси шерозро дар дастгоҳи махсус бо даст мебофанд, ки он дурушт мешавад, зеро онро хеле зич мебофанд. Баъд рӯи асосро бо риштаҳои ранга ё сиёҳу сафед бо нақшҳои гуногун оро медиҳанд, масалан, бо нақшҳои суннатии тӯморӣ, шона, ислимӣ, ҳандасавӣ ва ё бо навиштаҷот. Нақши шерозаро аз рӯи истифодаи шероз, ҷинс, синну сол интихоб мекунанд. Тарҳи возеҳ, рангҳои баланд ва бо навбат ҷойивазкунии унсурҳои нақш ба шероза хусусияти ҳандасӣ мебахшанд. Дар баъзе мавзеъҳои кӯҳистони Тоҷикистон асосан шаклҳои ҳандасии оддӣ маъмуланд, баъзан шаклҳои мураккаби ҳандасӣ ҳам вомехӯранд. Нақшу нигори шероза хеле зуд тағйирёбанда буда, унсурҳои нав пайдо мекунад, вале онҳо бисёр вақтҳо бо мавзӯъҳои анъанавии қадим омезиш меёбанд. Рангҳои шероза хеле баланд, пуртанин ва сурурбахшанд. Дар шероза бештар омезиши анъанавии рангҳои сабзу ҷигарӣ, норинҷию зард бо сиёҳ, бунафшу гулобӣ ва ғайра мустаъмал мебошад. Рангҳои сиёҳу сафедро бештар ба сифати ҳошияи борикидаври нақш қариб дар ҳар кадом шерозаи гулдӯзӣ истифода мебаранд. 

Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба поҷомаи занон шероза медӯзанд, ки онро “ҷиҳак”, “ҷияк”, “зияк”, “шерозпоча” мегӯянд. Заминаи чунин шерозаҳо дар дастгоҳи оддӣ аз риштаҳои рангаш сиёҳ ё сафед бофта мешаванд. Занҳо баъд дар ин замина нақшҳои гуногун (садбарг, гулу булбул, салиб, моҳу ситора, нақшҳои ҳандасӣ ва ғайра) - ро бо риштаҳои рангаи абрешимӣ гулдӯзӣ мекунанд. Нақшҳои шероза (ҷиҳак) вобаста ба шароити давру замон ва тахайюли гулдӯзӣ доимо тағйир меёбад.

Шерозаҳои тоқӣ хеле баранг ва гуногуннақшанд. Дарозии шерозаи тоқиҳо мувофиқи андозаи давраи сар гирифта мешавад ва паҳноияш 3 – 4см-ро дар бар мегирад.

Шерозаи куртаҳои занона тасмаи дуқатора бофташудаи дарозиаш 80 – 100см ва бари ҳар кадомаш 4-5см мебошад. Шероза танҳо дар гиребони буришаш амудии курта дӯхта мешавад. Инчунин,дар нӯги остини куртаҳои занона низ дӯхта мешавад.

Дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намуди зиёди шерозаҳо махфузанд, ба монанди шерозаҳо дар куртаҳои мардона, занона, бачагона, шерозаҳои тоқӣ, ҷомаҳо ва ғайраҳо.Инчунин, намунаи онҳо дар экспозитсияи намоишӣ  гузошта шудааст.

Исломова С - корманди

илмии шӯъбаи  таърихи муосир

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШероза ё худ ҷиҳакбофӣ – навъи ҳунари гулдӯзист
Scroll to Top