Дар машварати навбатии корӣ масъалаи омодагӣ ва гузаронидани конфронси илмӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар раванди машварати корӣ супоришҳо ба шӯъбаҳои мухталиф , оиди саривақт ҷамъоварӣ намудани тамоми маводҳо, лавозимотҳо, китобу маҷаллаҳо, ки бояд ба намоишгоҳ гузошта шавад, ва он инъикосгари таърихи гузаштаро нишон медиҳад, корбарӣ намуд. Инчунин гуфта шуд, ки ба истиқболи ҷашни фархундаи тақдирсози миллат аз тамоми гӯшаву канори мамлакат меҳмонон ташриф мефармоянд, бинобар ин ҳар ҳафта рӯзи шанбе ҳашари оммавӣ, оид ба тозаву обод тигоҳ доштани муҳити зист дар муассисаи мазкур ташкил карда шавад.
Таъкид карда шуд, ки бояд дастаҷамъона ба кори хайри тоза намудани муҳит ва ба истиқболи меҳмонон фаъолона иштирок намоем.
Набиев В - Маркази иттилоот