Ҳамасола санаи 10-уми октябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи фалак ботантана ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар толори “Қасри Ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералӣ барномаи бошукӯҳ доир гардид.
Дар он намояндагон аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”- ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ – Олимова Н, нозири кадр - Муйдинова З, корманди илмии шӯъбаи дастхатҳо - Тиляева Ш, китобдори калон-Баротова М ва коргузор - Яҳёева Д дар қатори дигар фаъолону меҳмонон иштирок доштанд.
Нахуст муовини Раиси вилояти Суғд - Зайнура Азимӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи фалак табрик гуфта, таъкид доштанд, ки хушбахтона дар даврони соҳибистиқлолияти кишвари азизамон анъанаҳои неки ниёгон, хусусан, санъати аслии илмии халқи тоҷик фалак эҳё ва рушду нумуъ ёфта истодааст. Сониян дар ин чорабинӣ барномаи консерти ансамбли ҳунармандони фалакхонони вилояти Суғд ҳунарнамоӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки меҳмонон ба таассуроти амиқ дарки баланди ғановати фарҳангӣ ба қалбҳо нишоту сурур ҳис намуда хотираи бинандагонро болида сохтанд.
Набиев В - Маркази иттилоот