Дар тақвими ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ сабт гардидааст. Мусаллам аст, ки мардуми кишвари азизамон ба ин асолати миллӣ ифтихор доштанду барои наслхои оянда боқӣ хоҳад монд. Бо назардошти ҳамин матлаб ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатӣ дар толори маҳзака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ карда, фарорасии Рӯзи забони давлатиро ба сокинони вилоят табрик намуд. Бояд гуфт, ки ба ҷашни бошукуҳ намояндагон Омири кулли МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд" Иброҳимов И.С, директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М.Т, ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ Олимова Н, сармуҳофизи фонди Осорхона Ӯрмонҷонова А. иштирок намуданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар толори даромадгоҳи осорхона аз ҷониби муассиса гӯшаи намоиши бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ташкил карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки забони давлатӣ баёнгари сарнавишт ва пойдевори миллати кишвар ба шумор меравад. Зеро, маҳфуми забони давлатӣ, давлату давлатдори миллӣ, ваҳдату истиқлолияти миллӣ азизу муқаддас мебошад.
Набиев В - Маркази иттилоот.