Ҳамарӯза боғбонон баҳри зебо ва тамошобоб гардидани боғҳо ва ҷалб намудани меҳмонони хориҷиву ватанӣ ҳисси худро мегузоранд. Аз ҷумла Боғи фарҳангиву фароғати Боғи Камоли Хуҷандӣ низ аз он орӣ нест. Дар ин боғ парвариши гулҳои ороиши гулкарам ва виола, ки гули даврагӣ ба ҳисоб меравад, дар қатори дигар гулу гулбуттаҳои рангоранг ороиши қатораҳои роҳгард ва гулгаштҳоро оро медиҳад, 10000 гулкарам ва 500 адад гули виола шинонида шудаанд, ки аз тӯли гузашта ҳамеша рамзи зебоӣ ва хушнудии мардум мебошад. Дар қатори гулҳои рангорангу ҳамешасабз гулкарам ба инсон дилбастагӣ ва гули зебо ба ҳисоб рафта ба инсон ҳусни таровати хосса мебахшад.
Набиев В. – Маркази иттилоот