Устодони муҳтарам,
Омӯзгорони арҷманд!
Маъмурияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Шумоёнро ба муносибати фарорасии Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола моҳи октябр таҷлил мегардад табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тансиҳатӣ, сарбаландӣ, саодатмандӣ ва хушиҳои ҷаҳонро орзумандем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба нақш ва мақоми омӯзгор дар тарбия ва ба камол расонидани насли ободкору бунёдгар дар ҷомеа изҳори назар намуда, таъкид доштаанд, ки: “Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем”.
Дар ин рӯзи фархундаву ҳумоюн Шумо – устодони арҷманд ва чароғафрўзони фардои ҷомеаро бо Рӯзи омӯзгор, шодбош гуфта, бароятон тавфиқи ҳамешагӣ, офият ва саломатии бардавомро хоҳонем!
Иди касбӣ муборак, омӯзгорони азиз!