Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НАЗАРЕ БА САНЪАТИ МИНЁТУРАНИГОРӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Минётур ё миниатюра (аз калимаи лотинӣ minium – ранг, шангарф), асари ҳаҷман хурди рассомиест, ки бисёр зарифу равшанбаён аст. Миниатюра ин тасвирҳое мебошанд, ки барои зебу зиннати дастхатҳо, пурратар сохтани тафсири мазмуни онҳо кашида мешуданд. Ба миниатюраҳо ба ғайр аз аксҳои инсон манзараҳои зебои табиат бо ҷузҳояшон ва нигоришоти графикӣ, ки бо мино (ранги махсуси ороишӣ) ё рангҳои обии махсус сайқал дода мешуд, дохил мешаванд. Миниатюра аз замонҳои қадим яке аз ҷузъҳои ороишии китобҳои бадеӣ дар Мисри қадим, Юнон, Туркия, Ҳиндустон, Афғонистон ва ҳудуди Тоҷикистону Ӯзбекистони имрӯза маълум буд.

Ҳамчунин, дар Рум, Руси Қадим ва Арманистон низ миниатюраи китоб васеъ истифода мегардид.

Дар мамлакатҳои Шарқии мусулмонӣ бо динӣ ислом равобит надошт ва тамоми китобҳои динӣ бе миниатюра буд, зеро мувофиқи аҳком кашидани тасвир дар китобҳои динӣ манъ буд. Аввалин китобҳои миниатюрдори асримиёнагии Шарқ ин асарҳои илмӣ-табииётӣ ва тарҷумаҳои арабии рисолаҳои тиббӣ, нуҷумӣ ва физикии Юнон буданд. Сипас як қатор асарҳо бо ин тарз нигориш ёфтанд. Ба монанди “Таърихи Табарӣ”, “Ҷомеъ-ут-таворих”-и Рашидуддин, “Зафарномаи”-и Яздӣ ва ғ. Бештар дар ороиши асарҳои бадеии манзум аз қабили “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Хамса”-и Низомӣ, “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Хамса”-и Алишери Навоӣ, “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ ва диг. Достонҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, девони ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Фаридуддини Аттор, рубоиёти Умари Хайём ва амсоли инҳо минётурнигорӣ ривоҷ ёфт.

Дар таърихи санъати минётурнигорӣ номи бисёр мусаввирони бузурги пурҳунар аз қабили Абулҳайё Ҷунайдӣ Султонӣ, Мираки Наққош, Камолуддини Беҳзод, Саидғиёси Самарқандӣ, Султонмуҳаммад, Абдуллоҳи Мусаввир, Маҳмуди Музаҳҳиб ва диг. сабт гардидааст, ки барои равнақи ин санъат ҳиссагузорӣ кардааст.

Намунаҳои қадимтарини минётурнигорӣ халқҳои Эрон ва Осиёи Миёна, то замони мо омада нарасидааст, аммо ба таваҷҷуҳ ба дастхатҳои мусаввири маълуми баъдина гуфтан мумкин аст, ки аввалин минётурнигорӣ дар асари “Варқа ва Гулшоҳ”-и Айюқӣ мушоҳида мешавад, ки муталлиқ ба нимаи дувуми асри XII ва аввали асри XIII мебошад. Аз нишонаҳои нахустини минётурнигории Эрону мамлакатҳои Осиёи Миёна бармеояд, ки минётураҳо дар ҳар давра хусусиятҳои худро доштанд ва ҳар як минётурнигор вобаста ба даври хеш минётураро меофарид. Давраи равнақ ва нашъунамои минётуранигорӣ ба асрҳои XIII-XV рост меояд, ки дар Шероз, Бағдод, Ҳироту Самарқанд марказҳо дошт ва махсусан дар давраи Камолиддин Беҳзод ва доираи эҷодии ӯ ба пояи баланд расид.

Дар нимаи дувуми асри XVI доираи истифодаи минётура васеъ гардид. Шурӯъ аз ҳамин давра минётуранигорӣ танҳо дар ороиши китобҳои бадеӣ маҳдуд нашуда дар варақаҳои алоҳида низ кашида мешуд. Баъд аз асри XVII минётуранигорӣ шаклан ва мазмунан мекоҳад, зеро он кори пурмашаққату дақиқ буда, аз ҳунарманд маҳорати баланди рассомӣ ва табъи шоириро талаб мекард. Ба ғайр аз истеъдоди мусаввирӣ ва табъи бадеӣ аксари минётуранигорон ҳунари таҳия намудани қоғази хушсифатро низ доштанд.

Тарзи тайёр намудани минётуранигорӣ дар он давра, яъне баъд аз асри XVII чунин буд. Сараввал минётурнигор ба рӯи қоғаз тарҳи тасвири ояндаро бо об мекашад, сипас баъди хушкидани он пайи оби ба рӯйи қоғаз мондаро бо рангҳои пасти сурх ё сиёҳ аёнтар месохт. Баъдан ба варақ оҳару сафедии тухмро, ки пештар омехта намудаи хуб ҳалшударо мемолиданд. Пас аз хушк гардидан тасвирро бо булӯр сайқал медоданд.

Санъати минётурнигорӣ дар баъзе аз ҳошияҳои китоб низ дида мешавад, ки ба ҳунару истеъдоди мусаввир вобастагӣ дорад. Бузургтарин марказҳои маданият ва санъати минётурнигории Шарқи Наздику Миёнаи он давр Бағдод, Табрез, Шероз, Самарқанд, Ҳирот, Бухоро, Машҳад, Қазвин ва Исфаҳон буданд, ки дар ин марказҳои маданӣ санъати минётурнигорӣ сабку услуби муайянеро соҳиб шуда, шакли мукаммал гирифт. Ин марказҳои маданӣ тадриҷан бо муваффақиятҳо ва падидаҳои эҷодӣ ҳамдигарро ғанитар гардонида вобаста ба муҳити таърихӣ инкишоф ёфтанд. Ин аст, ки намунаҳои нодири осори гаронбаҳои ин мактабҳои бузург дар осорхонаву китобхонаҳои Лондон, Париж, Ню-Йорк, Вена, Теҳрон, Қоҳира, Истамбул, Санкт-Петербург, Москва, Тошканд, Боку ва Душанбе маҳфузанд.

Дар фонди Осорхонаи вилояти Су­ғд низ китобҳои дастхату чопи сангӣ низ мавҷуд аст, ки дар он санъати минётуранигорӣ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла: “Маҷолис-ул-ушшоқ”-и Гозаргоҳӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Султон Гӯруғлӣ” ва ғ.

Дар зайл намунае аз санъати минётуранигорӣ, ки дар китобҳои зикр шуда омадааст меоварем.

 

      

Д.Исобоев - мудири шуъбаи дастхатхо
ва табъу нашри МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"     

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНАЗАРЕ БА САНЪАТИ МИНЁТУРАНИГОРӢ
Scroll to Top