Ҷонишини омири кулл – директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд:
Бойматов Мансур Тошматович 27 декабри соли 1961 дар оилаи хизматчӣ тавлид гардидааст. Соли 1979 пас аз хатми мактаби миёнаи № 15 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд факултаи таъриху филология шӯъбаи таърих дохил мешавад. Пас аз соҳиби маълумоти олӣ гардидан, фаъолияти меҳнатии худро аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод ҳамчун мудири шӯъбаи таърихи давраи шӯравӣ оғоз менамояд. Солҳои 1996-2012 соҳибкори инфиродӣ. Аз моҳи январи соли 2012 ҳамчун мудири шӯъбаи таърихи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд фаъолият намудааст. Аз 20 январи соли 2013 Омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд.
Оиладор соҳиби чор фарзанд.