Боғи Камоли Хуҷандӣ пас аз бо тарҳи нав барқарор гардиданаш муддати се мавсим аст, ки дари худро барои истироҳаткунандагон во кардааст. Бештар аз 55-70%-и масоҳати ин макон гулзору сабзапӯш буда, боқимонда пайроҳаю майдончаҳои сайр аст.
Барои дар фасли зимистон низ таровати худро гум накардани боғ гулҳои ба мавсими сармо тобовар шинонида истодаанд. Теъдоди бештари онҳоро гулкарамҳо ташкил медиҳанд, ки онҳо се навъанд. Дар боғи Камоли Хуҷандӣ асосан ду навъи гулкарамҳо: гибрити сурх ва гибрити сафед парвариш ёфта истодаанд.
Гулҳо аз гармхонаи ба номи «Баҳористон» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд харидорӣ гардидааст. Мутобиқи гуфтаи директори боғи Камоли Хуҷандӣ А.Шодибеков ҳоло дар ҳудуди маҷмаа зиёда аз 30 000 бех гулкарамҳо дар нашъунамоянд ва боғбонон ният доранд шумораи гулҳои ороишии зимистонаро ба 50 000 бех расонанд.
Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ташкили маъракаи “Шабе дар осорхона”
Ташкил намудани конфронси илмӣ-адабӣ ва гӯшаи намоишӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият - рамзи ватану ватандорӣ”