Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Назаре ба таърихи сурма ва сурмадон

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Сурма худ гарди сиёҳранг, ки аз хокаи қалъагӣ иборат аст ва онро барои зинат ё даво ба чашм мекашанд. Сурма ҳамчун воситаи ороиш аз замонҳои қадим маълум аст. Онро дар Мисри Қадим барои сиёҳ намудани абрувон истифода мебурданд. Дар мамлакатҳои Шарқ низ сурма аз қадим чун воситаи ороишу зинати занон  маълум буд. Тоҷикистон, ки ватани кӯҳсор асту 93% онро кӯҳҳо ташкил медиҳад сангҳои қиматбаҳову ороишӣ,  шифобахшу нодир  ниҳоят зиёд аст. Дар қатори он сангҳое, ки дар мо мавҷуд аст, сурмасанг низ ниҳоят зиёд аст. Мардуми тоҷик аз қадим дар баробари истифода намудани гулу гиёҳ барои ороиш ва нигоҳубин андомгони хеш аз сурмасанг васеъ истифода мебурданд, ки дар радифи лавозимоти ороишӣ бидунаш арзиши бахшидани шифоро низ дорад. Се навъи истифода намудани сурма ривоҷ дорад: аввалӣ он аст, ки қаламчаро, ки ё аз сурмасанг ё санги одӣ таҳия шуда бошад, ба сурма месоянд ва пас аз ранг гирифтанаш ба милкҳои чашм мекашанд. Дуввум қадре сурмаро кӯфта, хока карда, дар сурмадонхалтачаи махсусе меандозанд ва қаламчаро дар вақти зарурат ба хока зада ба милкҳои чашм мемоланд, ки милкҳо ранг мегиранд. Дар тарзи сеюми истифодаи сурма қадре хокаи сурмаро дар сурмадони даводшакл бо андаке оби чашма (зеро он ҳанӯз бо олудагию уфунатҳо омехта нашуда) меомезанд ва бо қаламча ба чашм мекашанд. Сурмаро дар боварҳои мардум нахуст ба чашми тифл мекашанд, то дар оянда чашмонаш пурнур ва калон шавад. Дар замонҳои пеш бонувон барои сурмаву бӯнҷ (қаламча барои сурмамолӣ) сурмадон ё бӯнҷхалтаи зебое медӯхтанд, ки намунаи онро метавон аз экспозитсияи намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан кард. Ҳамчунин дар экспозитсияи намоишии “Маданияти халқи тоҷик дар асрҳои XIX -XX” намунаи беҳтарини сурмадон ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки хеле моҳирона сохта шуда, бо сангҳои марворид оро ёфтааст ва  ҳангоми тамошоаш  диқати бинандаро ба худ ҷалб намуда  ба олами зебогию назокат ворид мегардонад. Дар коллексияи фонди осорхона низ якчанд намуди сурмадонҳо маъфуз аст, ки онҳо аз ҳунари волои ҳунармандони мо гувоҳи медиҳад.  Ҳамаи ин месазад, ки ниёгони мо зебопараст буда, ҳамеша дар  қалби онҳо ҳисси зебогиву зебопарасти арзи вуҷуд доштанд, ки он ба мо мерос омадаст.

Умеда Юлдошева корманди

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesНазаре ба таърихи сурма ва сурмадон
Scroll to Top