Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Устоди соҳибназар

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Кору пайкори шахсиятҳое, ки дар роҳи илм камари ҳиммат бастаанд, пайваста мавриди таваҷҷӯҳи хоси кормандону дӯстон ва мавриди арҷгузории онҳо қарор мегирад. Таъсири лаҳзаҳои бо чунин  инсонҳо буданро бо сабақомӯзӣ дар мактаби ҳаёт бояд донист.

Дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд экспозитсияи “Оинаи таърих” ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар намоиш аксҳои устодон, сарварони осорхона, собиқадорон, мудирони шӯъба, ходимони илмӣ, роҳбаладон, китобдорон, кормандони толор, ки  дар таъсисдиҳӣ ва пешбурди фаъолияти осорхона саҳм гузоштаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Дар пешбурди фаъолияти осорхона собиқадорон саҳми арзанда гузоштаанд, ки яке аз онҳо Турсунов Икром ба ҳисоб рафта, бо ҳамроҳии он кас мо кормандони илмӣ муддати тӯлонӣ фаъолият дошта, дар омӯзиши самти осорхонашиносӣ аз маслиҳатҳои зиёдашон бархурдор будем.

   

Турсунов Икром Абдулқосимович 24 уми декабри соли 1955 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёи таваллуд гардидааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи №17 соли 1973, ба факултаи таъриху филалогияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд (алҳол ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил гашта, онро соли 1977 бо тахассуси омӯзгори фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намудааст. Фаъолияти омӯзгориро аз моҳи августи соли 1977 дар мактаби миёнаи №28 ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) оғоз намуда то соли 1998 фаъолият бурдааст. Солҳои 1998 то 2006 дар “Боғи фароғатӣ ва истироҳатии ба номи С.Айнӣ”, ҶДММ “Муҳайё”ки шаҳри Чкаловск (айни ҳол шаҳри Бӯстон) адои вазифа намудааст. Моҳи октябри соли 2006 ба тариқи озмун ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба сифати корманди илмӣ ба кор қабул шудааст. Аз моҳи июни соли 2013 то январи соли 2018 ба сифати мудири шӯъбаи таърих (давраҳои қадим, асрҳои миёна ва нав) адои вазифа намудааст.

 Солҳои 2014, 2017 курси такмили ихтисосро дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода бо равияи корманди осорхона хатм намудаанд. Ӯ дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш оид ба баргузорӣ ва азнавсозии экспозитсияҳои осорхона, корҳои илмӣ- тадқиқотӣ, бостоншиносӣ, тарзи тартиб додани тавсифҳои илмӣ ба  ашёҳои таърихии нав ба осорхона ворид гардида, нашри маҷмӯаи “Ахбори осорхонаи таърихии вилояти Суғд” чун мутахассиси касбӣ саҳми муносибу арзанда дорад.

 Дар тӯли фаъолияти меҳнатӣ дар осорхона ба даҳҳо шогирдону ҳамкорон дар бобати омӯзиши асрори илми осорхонашиносӣ, навиштани тавсияномаҳои илмию мақолаҳои мухталиф кӯмак расонидааст, ки онҳо то ҳол дар осорхонаи мазкур фаъолият доранд.

 Беш аз 20 мақолаҳои илмии ӯ доир ба мавзӯъҳои таърихӣ, моҳияти нигораҳо ва ҳунарҳои халқӣ, осорхонашиносӣ эҷод шуда дар рӯзномаҳои “ Ҳақиқати Суғд”, “ Согдийская правда”, “ Баҳори Аҷам”, “ Тирози ҷаҳон”, маҷмӯаи “Ахбори осорхонаи вилояти Суғд” рӯйи чопро дидаанд.

 Соли 2016 бо гирифтани нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сипосномаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд мушарраф гардидааст. 

 Мо шогирдон бо рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо муаллими азизро сидқан табрик намуда , ба  эшон тансиҳату хонаободӣ, хуррамдиливу сарбаландӣ таманно дорем.

Ӯрмонҷонова Адиба

мудири шӯъбаи фонди Осорхонаи таърихии

вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesУстоди соҳибназар
Scroll to Top