Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Экспозитсияи намоишии таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Дар давраи Истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ҳарчи бештари фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нуктаро иброз намуданд: “Сиёсати фарҳангии ҳукумати Тоҷикистон имрӯз пеш аз ҳама ба ҳимояи арзишҳои миллӣ,эҳёи арзишҳои милливу умумибашарӣ фароҳам овардани имконият барои омӯзиш ва тарғиби васеи онҳо,инчунин ба ҷаҳониён муаррифи намудани дастовардҳои фарҳангӣ равона карда шудааст, тавассути онҳо моро ҳамчун миллат мешиносанд.”

  Дар ин ҷода осорхонаҳо яке аз муҳимтарин муассисаи фарҳангӣ- маърифатӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар ҷамъоварӣ, ҳифзу тарғиби осори таърихи ва моддӣ-фарҳангии ниёгон нақши назаррас доранд. Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар кори тарғибу ташвиқи таърих ва фарҳанги пурғановати мамлакатамон, тарбияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносии миллии ҷомеаи муосир ба комёбиҳо муваффақ гардидааст. Дар ин осорхона таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик фароҳам оварда шудааст. Ин осорхона оинаест, ки дар он таъриху тамаддуни куҳани миллати азизи мо инъикос ёфтааст. Алҳол осорхона дорои беш аз 16405 адад нигораҳои нодир мебошад. Кормандони илмии осорхона метавонанд барои ҳар фарди миллат, алалхусус меҳмонони хориҷӣ, дар як фурсати кӯтоҳ гузаштаву имрӯзу фардои тоҷикро муаррифӣ намоянд. Осорхона дорои шӯъбаҳои  таърих, таърихи давраи муосир,  дастхатҳо ва таъбу нашр, оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, шӯъбаи маъхаз мебошад. Шӯъбаи таърихи давраи муосири Муассисаи давлатии “ Маҷмааи фарҳангию таърихии  “Қалъаи Хуҷанд” соли 2015 таъсис дода шудааст. Экспозитсияи намоишии он аз оғози фаъолияти таърихи барқароршавии ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфта, дастовардҳои ҶШС Тоҷикистонро аз аввали асри XX то давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад. Вазифаи асосии шӯъба аз гирдоварии ашёҳо, ҷогузорӣ, ҳифз, пажӯҳиш ва ба маърази тамошо гузоштани ашёҳои таърихӣ, санаду ҳуҷҷатҳо, аксҳо ва осоре, ки таърихи давраи истиқрори Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон, дастоварду дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ичтимоӣ ва фарҳангии давраи Истиқлолияти давлати Тоҷикистонро инъикос мекунад, иборат мебошад.Намоиши толори давраи Шӯравӣ таҳти мавзӯи “Ҷунбиши халқӣ, ғалабаи инқилоби Октябр ва мустаҳкамшавии Ҳокимияти Шӯравӣ” мебошад. Дар ин намоиш аксҳои муборизони фаъол барои барқарор ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон, харитаи барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ, расми сохтмони Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд, сохтмони канали Калони Фарғона,  ба намоиш гузошта шудааст. Намоиши баъдӣ  таҳти мавзӯи “Вилояти Ленинобод дар солҳои  Ҷанги Бузурги Ватанӣ” бахшида шудааст. Дар экспозитсияи намоишӣ  маводҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аксҳои қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ, дорандагони унвони “Ордени Шараф” ба намоиш гузошта шудааст. Намоиши экспозитсионии навбатӣ таҳти мавзӯи “Вилояти Ленинобод дар солҳои 1946-1990” мебошад. Дар ин намоиш  расмҳои шахсони барӯманди Вилояти Суғд олимон, нависандагон, ҳунармандон ба маърази  тамошо гузошта шудааст. Дар экспозитсияи намоишии баъдина таҳти мавзӯи “Тоҷикистони соҳибистиқлол ” аксҳо дар рафти    Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддасоти Тоҷикистон: китоби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои давраи истиқлолият дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, илм ва варзиш, асарҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  гузошта шудаанд. Дар сатҳи девор аксҳои  Қаҳрамонони Тоҷикистон: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум  ба маърази тамошо гузошта шудаанд. 

Хоҷаева М-мудири шӯъбаи таърихи

давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЭкспозитсияи намоишии таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top