Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фаъолияти кории кормандони шӯъбаи таърих

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Фаъолияти кории кормандони шӯъбаи таърих

     Осорхона – оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

     Осорхона яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангӣ- маърифатӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷамъоварӣ ва ҳифзу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ нақши назаррас дорад.

     Бо ин мақсад кормандони илмии  шӯъбаи таърих тибқи нақшаи кории хеш оиди ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ- фарҳангӣ аз шаҳрвандон дар давоми соли ҷорӣ 1 ҷаласаи комиссияи харидории назди маъхази осорхона гузарониданд, ки тибқи он аз шаҳрвандон  ба миқдори 13 адад ашёҳои баландарзиши таърихӣ  харидори карда шуд. Ба ҳар як ашё аз тарафи кормандони илмӣ шиносномаи илмӣ тартиб дода, аз таърихи пайдоиш, ривоҷи он, макон, мавод, вазифаи он дар замони худ ва имрӯз маълумот дода мешавад. Ҳамчунин кормандони шӯъба барои  баргузории ҷаласаи навбатӣ, харидории навбатӣ омодаги дида, аз шаҳрвандони шаҳру навоии вилоят ашёҳои  аҳамияти таърихию фарҳангӣ доштаро тариқи ройгон ва харидорӣ ҷамъовари намуда истодаанд.

     Тамоми ашёҳои ҷамънамудаи шӯъба ба маъхази осорхона супорида шуда, дар оянда барои пурра намудани экпозитсияи намоишӣ, намоиши сайёр, ҷиҳозонидани толорҳои навбунёди осорхонаҳои ҳудуди “Қалъаи Хуҷанд” ба кор бурда мешаванд.

     Дар баробари ҷамъоварию ғани гардонидани маъхаз, кормандони шӯъба барои омодаю таъбу нашр намудани мақолаҳо низ корбарӣ менамоянд, ки натиҷаи онро метавон аз рӯзномаю маҷаллаҳо ва ҳамзамон, сайти муассиса дидан намуд.

      Дар ҳар ҷашну идҳои давлатӣ кормандони шӯъба фаъолона ба конфронсҳо ва ҷамъомадҳо иштирок намуда,  дар онҳо фаъолона баромад мекунанд.

 

Пӯлотова Нигора

корманди илмии шӯъбаи таърих

МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesФаъолияти кории кормандони шӯъбаи таърих
Scroll to Top