Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Артиши миллӣ – симои миллат ва бақои умри давлат

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳанд, ки қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз дар замонҳои қадим сипоҳи машқдида доштаанд ва аз тарзу усулҳои пешбурди амалиёти ҷангӣ бархурдор будаанд.

Дар давраи ҳукумронии сулолаи Ҳахоманишиҳо, ки тамоми қавмҳои эронинажодро муттаҳид мекард, артиши доимамалкунанда созмон дода шуда буд, ки асоси онро дастаи шоҳӣ ташкил медод. Дар давраҳои минбаъдаи таърихӣ низ ба артиш таваҷҷӯҳ бештар дода мешуд.

Давлати бузурги Сомониён, ки замони ба авҷи шукӯҳу шаҳомат расидани давлату давлатдории тоҷикон ҳисоб мешавад, бо воситаи девони Соҳиб-уш шурот идора карда мешуд.

Маҳз ҳамин мероси пурғановати санъати ҳарбии ниёгон имкон дод, ки Артиши миллӣ ва дигар рукнҳои давлатдорӣ таъсис дода шуда,  дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти муназзами онҳо таъмин карда шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати он Артиши миллӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз замони таъсис то ба имрӯз тавонмардиҳои зиёди мудофиавиро соҳиб шудааст. Пӯшида нест, ки дар иртибот ба таҳкиму пуриқтидор шудани Артиши миллӣ хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Зеро ба ҳамагон маълум, ки артиш ё Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар чӣ шароите ба майдони ҳастӣ омада, давраҳои сахту сангинро паси сар кардааст. Артиши миллӣ аз ҷузъу томҳои парешон, таркиб ёфта бошад ҳам тавонист дар як муддати кӯтоҳ муваффақ шавад. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани як қатор қонунҳои марбутаи соҳа, назири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо” ба таҳкими фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ мусоидат карданд.

Бояд эътироф кард, ки Президенти мамлакат пеш аз ҳама худ ватандӯсту ватандори ҳақиқианд. Зеро борҳо дар баромадҳои хеш зик намуда буданд: “Вақте мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии кишварро дар назар дорем. Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди некхоҳ ва ҳар тоҷики ватандӯст, аз хурд то бузург, афзудан ба дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.

Ин аст, ки дар партави нишондодҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамкориҳои ҳарбию техникии Тоҷикистон бо як қатор мамлакатҳо густариш ёфта, сол ба сол дар ҳоли тавсеа қарор дорад. Ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларусия, Арманистон, Озорбойҷон, Туркманистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Эрон, Белгия, Ҷопон, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон, Фаронса сатҳи нав касб кардааст.

Бояд зикр кард, ки Артиши миллӣ натанҳо ҷои адо кардани қарзи фарзандӣ, ҳамчунин мактаби камолоти инсонӣ ва шуҷоати мардонагӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро азхуд менамоянд. Дарвоқеъ зарур аст, ки ҷавонони мо дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфта, корнамоиҳои далерони гузаштаи худ, ба монанди Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ, Шерак, Маҳмуди Таборӣ, қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳодӣ Кенҷаев, Исмат Шарипов, Исмоил Ҳамзаалиев, Тӯйчӣ Эрҷигитов,  Домулло Азизов ва даҳҳо дигарон ҳамеша дар ёд дошта бошанд.

Аз таърихи давлатдории тоҷикон бармеояд, ки барои ҳимояи марзу буми Ватан саҳми занон дар баробари мардон кам нест. Аз ин ҷост, ки дар аксари навиштаҷоти олимону донишмандони тоҷик аз қаҳрамонӣ, далериву ҷасурӣ ва шуҷоати зани тоҷик ёдоварӣ шудааст. Мусаллам аст, ки мардонавор ҷангидан, ҷасорат ва матонати занони қаҳрамони миллатамон дар симои занони ҷасуру паҳлавон, амсоли Гурдофариду Бурондӯхт, Томирису дигар қаҳрамонзанон эҳсос мегардад.

Мо бистуҳаштсолагии бунёди Артиши миллиро дар шароите ҷашн мегирем, ки Ватани азизамон ба марҳилаи нави тараққиёт ворид гардида, барои таҳкими сулҳу субот, озодӣ ва арзишҳои милливу давлатӣ қадамҳои боз ҳам устувортаре мегузорад.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки дар атрофи Президенти мамлакат, ин марди ватандӯсту ватанпарасти ҳақиқӣ, ғамхори халқу миллат муттаҳид шуда якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Зеро хидмат ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст. Ин аст қарзи инсонӣ, ин аст нангу номуси Ватандорӣ. 

Мутриба Мамадҷонова мудири шуъбаи таърихи

МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesАртиши миллӣ – симои миллат ва бақои умри давлат
Scroll to Top