Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Пайдоиш ва тараққиёти атласу адрасбофӣ дар Хуҷанд

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"

Дар даврони Истиқлолият ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ҳарчи бештари фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин нуктаро иброз намуданд: «Сиёсати фарҳангии ҳукумати Тоҷикистон имрӯз пеш аз ҳама, ба ҳимояи арзишҳои миллӣ, эҳёи арзишҳои милливу умумибашарӣ фароҳам овардани имконият барои омӯзиш ва тарғиби васеи онҳо, инчунин ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои фарҳангие равона карда шудааст, тавассути онҳо моро миллат мешиносанд».

Аввалин ақидаҳо дар бораи атлас ба асри II-и мелодӣ таалуқ дошта, ба давраи Роҳи Бузурги Абрешим рост меояд. Матои атлас мубодилаи чизҳову дар ҳама давру замон дар мод ва ҳамешаҷавон буд ва мемонад.

Сабаби инкишоф ёфтани абрешимбофӣ дар Хуҷанд Роҳи Бузурги Абрешим таъсири  судманд расонид, ки бо он тоҷирони  Чин ба ин шаҳр ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна абрешим меоварданд. Ҳунармандони суғдӣ ҳам дар навбати худ ба Чин рафта, ҳамаи нозукиҳои абрешимбофиро меомӯхтанд. Анъанаи  пиллапарварию абрешимбофӣ дар байни мардуми тоҷик аллакай дар асрҳои IV-V мелодӣ тараққӣ карда буд. Аз рӯи маълумотҳои олимони рус Э.Пояркова, В.Линде ва П.Осипова, ки аз таърихи пайдоиши абрешим тадқиқот мебурданд, дар асрҳои III-I пеш аз мелод  Водии Фарғона маркази абрешимбофӣ ҳисоб мешуд.

  Хуҷанд дар асри XIX яке аз марказҳои савдо ва ҳунармандӣ дар Осиёи Миёна буд. Аз сабаби он ки роҳи тиҷорат аз Хуҷанд мегузашт, ин шаҳр на фақат бо гирду атрофии худ дар роҳи тиҷорат нақши асосиро мебозид, балки бо Фарғонаву Бухоро, Самарқанду Тошкант робитаи савдо дошт.

Дар Хуҷанд соҳаи абрешимбофӣ аз замонҳои қадим маъмулу машҳур буданашро номҳои маҳаллаҳо ба монанди «Карбосбофон», «Абрабандон», «Пиллакашон» ва «Шоҳибофон» тасдиқ мекунад. Бо тараққӣ ва афзоиши коркарди матоъҳои ҳам шоҳӣ ва ҳам пахтагӣ дар Хуҷанд боз маҳаллаҳои машҳур мисли «Хосабофон», «Кокибофон», «Калобаресон» ва бисёр дигар номҳо пайдо шуданд. Ин далолати онро дорад, ки афзоиш ва пешравии соҳаи бофандагӣ дар шаҳр рӯз аз рӯз инкишоф меёфт.

Аз рӯи навиштаҷоти таърихӣ дар солҳои 1871 дар Хуҷанд бештар аз 30 корхонаи калобаресӣ, 23 корхонаи рангкунӣ, 74 дастгоҳи шоҳибофӣ ва барои таъмини ин корхонаҳо бо матоъҳои ёрирасон боз 160 корхонаи бофандагиву 30 устохонаҳо вуҷуд доштанд, ки ҳамагӣ 814 устоҳо фаъолият мебурданд. Аллакай соли 1906 шумораи корхонаҳои шоҳибофӣ то 230 мерасад.

Тақрибан 200 сол муқаддам дар шаҳри Хуҷанд корхонаи пилларесиро муҳандиси рус Хлудов ба кор андохт. Дар ин шаҳр соли 1872 фабрикаи пиллабуғкунӣ кушода шуд, ки он дорои 73 дастгоҳ буда, 50 нафар коргар идора мекарданд. Соли 1913 дар Хуҷанд шумораи ин хел корхонаҳо ба 5 адад мерасад, вале шароити корӣ бисёр вазнин буд. Солҳои 1916 дар соҳаи ҳунармандӣ фақат дар гирду атрофи шаҳри Хуҷанд шумораи дӯконҳо то ба 1500 расид, ки аксарияти онҳо матоъҳои атлас, адрас, беқасаб, банорас ва дигар матоъҳо мебароварданд. Ҳунармандони Хуҷанд кори худро ба ҳунармандоне, ки аз дигар шаҳрҳои дурру наздики Осиёи Миёна омада буданд, меомӯхтанд.

Адраси содиротии Осиёи Миёна дар бозорҳои хориҷа (Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой ва ғайра) шӯҳрати тамом дошт. Аз адрас курта, ҷомаҳои мардона ва занона, кӯрпаю кӯрпачаҳо медӯхтанд. Адрас инчунин берун аз ҳудуди  Осиёи Миёна, дар мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик, Кавказ, Поволже, Қазоқистон маъмул буд.

Хуҷанд дар асри XIX яке аз марказҳои савдо ва ҳунармандӣ дар Осиёи Миёна буд. Аз сабаби он ки роҳи тиҷорат аз Хуҷанд мегузашт, ин шаҳр на фақат бо гирду атрофии худ дар роҳи тиҷорат нақши асосиро мебозид, балки бо Фарғонаву Бухоро, Самарқанду Тошкант робитаи савдо дошт

Дар аввали асри ХХ дар шаҳри Хуҷанд дӯконҳое, ки ба абрешимбофӣ пайвастагӣ доштанд то ба 4500 адад  расид. Этнографҳо дар онҳо 103 намуди ҳунармандиро қайд карданд. Масалан, коркарди нах аз 3 қисм иборат буд, он ҳам бошад тайёр кардани калоба, бофтан ва коркарди матоъ буд. Тайёр кардани нах аз пиллакашӣ, тоб додани он аштобчигӣ, таҳ кардани он даврагарӣ ва ресидани ресмони пахта иборат буд.

Ранг кардани ресмон аз ду қисм иборат буд; ишқоркунӣ ва рангуборчигӣ дуюм, кабудгарӣ. Ҳунармандони маҳораташон баланд абрабандӣ, нақшандозӣ, тагбандӣ ва гулбардорӣ мекарданд.

Аз рӯи хелаш бофандагӣ ба 5 қисм ҷудо мешавад: истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ; истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ, ки ба шоҳибофию атласбофӣ ҷудо мешаванд; истеҳсоли нимабрешимӣ, ки аз 6 қисм иборат аст; матоъҳо барои саллаю фӯта ва истеҳсоли дурраҳои ҳарири абрешимӣ дороибофӣ.

Коркарди матоъҳои тайёр ба хелҳо тақсим мешуданд: шустагарӣ, читгарӣ, кудунгарӣ ва ғайра. Аз ин бармеояд, ки барои коркард ва тайёр кардани чунин матоъи зебо зиёда аз 20 равия ва 30 соҳаи ҳунармандон кор мекарданд.

Аввали солҳои 1920 аввлин артели ҳунармандӣ бо номи «Ткач» кушода шуд, ки дар он матоъ истеҳсол карда, зиёда аз1000 ҳунармандон ҷамъ омада буданд. Ташкилоти косибон ба миён омад, ки онҳо бо коркарди пилла ва шоҳибофӣ машғул мешуданд. Охирҳои соли 1927 дар Хуҷанд қариб 3500 ҳунармандон муттаҳид шуданд, ки 1700 аз онҳо  дар хона кор мекарданд.

Дар Хуҷанд солҳои 1927-1928 дар асоси пиллаи ҷойдорӣ аввалин корхонаи шоҳибофии бо номи «Красный ткач» сохта шуд, ки бо таҷҳизоти ҷакардии мураккаббофт ҷиҳозонида шуда буд. Соли 1932 фабрика номи артели бофандагии «Красный ткач»-ро гирифт.

То ва баьди революция соли 1917 ҳавасмандӣ ба ҳунармандони Хуҷанд асосан аз тарафи муҳандисони итолёвӣ, ки технологияи худро ба комбинати шоҳибофии Хуҷанд ворид карда буданд, зиёд шуд. Нахуст директори комбинати шоҳибофӣ Р.Грюнберг, директории аввали техникӣ, муҳандиси итолёвӣ Карло Сало, механики истеҳсолӣ Анчето, устои калон Иена Рива ва бисёрии дигарон барои нақшҳои гуногуннамуд кардании атлас ва матоъҳои абрешимӣ кӯшиш карданд. Бо ҳамин атласи Хуҷанд номи худро дар ҷахон бозёфт. Вале аз соли 1962 истеҳсоли атлас дар ин корхона бозистод ва баъди даҳ сол бо ташкили корхонаи алоҳида «Хуҷандатлас» боз коркарди атлас ба роҳ монда шуд. Корхона дар муддати кӯтоҳ якчанд намуд атласҳои навро ихтироъ кард. Аз соли 1979 корхонаи «Хуҷандатлас» ба коркарди атласи зебо бо номи «хонатлас» шурӯъ кард, ки дар Осиёи Марказӣ шӯҳрат пайдо кард. Дар асоси фармони вазорати маҳаллӣ аз 27 майи соли 1975 фабрикаи абрешимбофии №2 номи «Хуҷандатлас»- ро гирифт. Ба ҳайати «Хуҷандатлас» дӯконҳои навбатӣ дохил шудааст, ба монанди пилларесӣ, омодасозӣ, ҷакардӣ.

Асосан намудҳои истеҳсоли «Хуҷандатлас»: матои миллӣ - «Атлас» Ҷамъияти саҳомии «Хуҷандатлас» даҳҳо намуди атласро истеҳсол мекунад, ки аз ҷиҳати коркард  аз масолеҳе, ки аз Узбекистону Чин ворид мешуд, бартарӣ надошт.

Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар корхонаҳои Душанбею Хуҷанд, Шаҳринаву Қурғонтеппаи Иттиҳодияи «Тоҷикатлас» бештар аз 25 навъи атлас («Ҷавонӣ», «Товус»,  «Баҳори Тоҷикистон», «Тӯҳфа», «Тӯёна», «Муҳаббат», «Дилором», «Кремл» ва ғайра) истеҳсол мешавад. Атласи тоҷикон берун аз хоки ватанамон низ шӯҳрат пайдо карда, мақбулу писанди занони дунё гаштааст.

Дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ намудҳои гуногуни атласу адрас мутаалиқ ба ҳар давру замон маҳфузанд, ки яке аз онро бо номи атласи Қанаус-Шоҳӣ дар толори Таърихи тамаддуни тоҷикон, бахши Маданият, илм ва адабиёти асри XIX ва ибтидои асри ХХ ба намоиш гузошта шудааст.  

    Исломова Сайфияхон  

корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesПайдоиш ва тараққиёти атласу адрасбофӣ дар Хуҷанд
Scroll to Top