Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҲАЁТИ ОДАМОНИ АСРИ САНГ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамарӯза аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шумораи зиёди тамошобинони ватанаву хориҷӣ, донишҷӯёну муҳассилони муассисаҳои миёнаи умумӣ дидан менамоянд.  Бисёри тамошобинон ва хусусан донишҷӯёну толибилмонро толори намоишӣ дар мавзӯи “Ҳаёти одамони асри санг”, ки дар шакли ғор созмон долда шудааст, ба худ ҷалб мекунад, зеро ин тарзи намоиш аввалин маротиба дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо омезиши ду санъат: санъати рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ аз тарафи Ёдгоров Комилҷон - рассоми Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода  шудааст. Аз рӯи маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳо дастрас гардидааст, роҳбаладони шӯъба оид ба давраҳои таърихии халқи тоҷик аз давраҳои қадим маълумот медиҳанд, аз ҷумла:  “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, “Шуҷоати Спитамен”-и Мақсудҷон Иномов, “Ҳафтхони Темурмалик”-и Назирҷон Турсунов ва ғ.

Чунон ки бостоншиносон муайян кардаанд, одамон дар ҳудуди Тоҷикистон  аз давраҳои қадимтарин, аз субҳи таърихи инсоният (аз асри санг) то инҷониб истиқомат доранд.

Толори “Ҳаёти одамони асри санг” давраи ҷамъияти ибтидоиро дар бар гирифта, дар бораи гурӯҳ-гурӯҳ шуда дар ғорҳо зиндагӣ кардани одамон, машғулияти онҳо ки шикорчигӣ, моҳидорӣ буд, маълумот медиҳад.

Бостоншиносон ва муаррихон асри сангро ба се марҳила тақсимбандӣ кардаанд, ки яке Палеолит – асри санги қадим 800-100 ҳазор сол, дуюм миёнасангӣ Мезолит, 11-7 ҳазор сол пеш аз милод, сеюм Неолит- навсангӣ мебошад.

Инсон сараввал дар муқобили табиат комилан оҷиз буд ва тарзи зиндагиаш аз зиндагии ҳайвонот тавофути чандоне надошт, вале он чизе, ки инсонро аз ҳайвон фарқ кунонд кори иҷтимоӣ буд, ки бо кӯмаки олоти аз санг сохтаи худ анҷом медод. Ҳангоми истифода бурдан аз олоти сангӣ одамон дар ҷамоаи ибтидоӣ саъю кӯшиш мекарданд, ки баҳри идомаи зиндагӣ, дарёфти хӯрока ба кор баранд.

Асри қадимтарини санг- Палеолит давраи қадимтарин ва дарозтарин таърихи башарият замони ҷомеаи ибтидоӣ буд. Ин марҳилаи оғози ҷараёни таърих ва пайдоиши одамони ибтидоӣ дар замин аз ташаккули нахустин табақаҳо ва синфҳои иҷтимоӣ, якумин давлатҳо ба вуҷуд омадани фарҳанги хаттӣ тақрибан 2 млн 600 ҳазор сол идома кардааст.

Дар ҳудуди Тоҷикистон якчанд бозёфтҳои ин давра аз Истаравшан, Ҳисор, Вахш дарёфт шудааст. Яке аз бозёфти муҳимтарини ҷаҳонӣ аз давраи санг ин каполи (устухони пурраи сар) писарбачаи 8-9 солаи неондарталӣ аз ғори Тешиктош мебошад. Асри санги қадимтарин Палеолит боз дар навбати худ ба се давра палеолити болоӣ, поёнӣ, ва миёна тақсим мешавад.

Давраи палеолити болоӣ давраи ғалабаи инсон аз болои табиат аст. Одамон аз ҷиҳати физилолгӣ низ тағйир меёбанд. Ҷои неондерталейсҳоро кроманонесҳо, яъне одамони аз ҷиҳати физиологӣ ва ақлан ташаккулёфта homo sapiens ишғол менамояд. Дар ин давра нахустин авлоди модарӣ, модаршоҳӣ ба вуҷуд меояд. Хусусияти хоси ёдгориҳои археологии палеолити болоӣ аз он иборат аст, ки дар ин давра олотҳои сангӣ такмил меёбад. Намуди нави олотҳои сангӣ ҳаҷман хурд ва такмил ёфта  буда, ба инкишофи олоти сангӣ ва тарзҳои шикорчигӣ кӯмак мерасонанд.

Дар ин давра одамон усули олотсозиро такмил дода дар истеҳсолот муваффақиятҳо ба даст меоранд. Захира кардани хӯрокро меомӯзанд, ба чорводорӣ зироат машғул мешаванд. Бештарин олоти ин давра чахмоқсанг буда, зебою нафис сохта мешуданд.

Палеолити поёни давраи аз олами ҳайвонот ҷудо шудани одамони ибтидоӣ мебошад. Homoerectus - Питекантроп ва sinanthropus - Синантроп одамони бо қомати рост ҳаракаткунанда буданд. Асоси хоҷагидории ин давраро шикорчигӣ ва ҷамъоварии ғизо ташкил медод ва олоти асосии меҳнат сангҳои ғӯла, суфта , теғасангҳо ташкил медоданд. Ҷамъияти ибтидоӣ дарозтарин давраи инсоният буда, аз дигар давраҳо бо он фарқ мекунад, ки дар он моликияти хусусӣ, синф ва давлат мавҷуд набуд.

Тамошобин аз шунидани чунин маълумотҳо каме бошад ҳам худро дар ҳамон давраҳои қадим тасаввур мекунанд ва ҷаҳонбиниашон боз ҳам васеътар мегардад. Осорхонаи таърихӣ, ки ҳоло дари он барои ҳамаи меҳмонони ватаниву хориҷӣ боз аст, бо умеде бунёд шудааст, ки тариқи намоишгоҳҳои он  аз таърихи куҳани миллатамон аз наздик ошно гардем. Зеро огаҳӣ аз рӯзгори қадими халқи худ, ворид гардидан ба саҳифаҳои пурифтихори созандагиву қаҳрамониҳои фарзандони сарсупурдаи миллат омили пуриқтидори тарбияи мардум дар руҳи ватандӯстиву худшиносӣ мебошад.

Сайфиева Шарифа

Роҳбалади МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҲАЁТИ ОДАМОНИ АСРИ САНГ
Scroll to Top