Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чорабинӣ дар осорхона

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони “Забони тоҷикӣ – тоҷи забонҳост” конфронс доир гардид. Дар он донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ширкат варзиданд. Иштирокдорон доир ба ҳифзу нигоҳдошт ва эҳтироми забони тоҷикӣ андешаҳои худро иброз доштанд. Ҳамчунин аҳли нишаст аз гӯшаи намоишӣ дидан карда, бо маводҳои забоншинос Файзулло Абдуллозода, ки дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маҳфуз аст, шиносоӣ пайдо карданд. Аз ҷумла, дар гӯшаи намоишӣ китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”, ки дар он доир ба даврабандии таърихи забони тоҷикӣ то густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ омадааст, ба маърази тамошо гузошта шудааст. Бастаи рӯзномаи “Овози тоҷик (с.1928-1929)”, ки яке аз экспонатҳои нодир ба ҳисоб меравад, диққатҷалбкунанда буд.

 Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ арҷгузорӣ ба забони модарӣ, поку беолоиш ва бегазанд ба наслҳои оянда интиқол додани он мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЧорабинӣ дар осорхона
Scroll to Top