Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Забони тоҷикӣ – тоҷи забонҳост

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар кишвари маҳбубамон ҳар сол рӯзи 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.

Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст. Забон ҳанӯз дар набардҳои таърих яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ аст. Дар паҳлӯи диловарони майдонҳои набарди озодихоҳӣ гурӯҳи афроди огоҳ ва дурандеш аз сулолаи Сомониён иродаи матинро бо тадбиру хирад омезиши матлуб дода, давлати нерӯманд ва мутамаркази миллиро аз андеша ба воқеият табдил доданд.

Забон таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мебошад. Забони тоҷикӣ лафзи ширини  модарии мо аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо осори Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Хайём, Ҳофизу Камол, Турсунзодаву Лоиқ ва бисёр дигар роҳпаймоёни адабиётамон шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.

22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул гардид. Тибқи ин қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”- ро қабул кард. 5 октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни номбаргардида он ба амал даромад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) эълон шуд.

Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ нерӯи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шӯҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.

Таҷлил намудани ин санаи муборак эътиқоду эҳтиром ва арҷгузории имрӯзиён ба забони тоҷикӣ, ба фарҳанги асил, ба авлоду аҷдоди сарбаландамон аст.

Бахшида ба ин ҷашни пуршукуҳ дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Забони тоҷикӣ – тоҷи забонҳост” созмон ёфт. Дар намоиш китобҳо доир ба забони тоҷикӣ, қонунҳо ва қарорҳо марбут ба забони тоҷикӣ, маводҳои Файзулло Абдуллозода - забоншинос, муаллими хизматнишондода аз фонди осорхона, бастаи рӯзномаи “Овози тоҷик” (с.1928-1929) ба маърази тамошобинон гузошта шуд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЗабони тоҷикӣ – тоҷи забонҳост
Scroll to Top