Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бахшида ба ҷашни “Рӯзи шаҳри Хуҷанд”

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Хуҷанд шаҳри зебову дилписанд, ки таърихи дуру дароз дошта, бо дарёи Сайҳунаш ва кӯҳи Мевағулаш диққати ҳамагонро ба худ ҷалб мекунад. Таърихшиносони қадим Хуҷандро “Тирози ҷаҳон” номида, аз табиати зебо, меваҳои шаккарин ва мардуми бофарҳангу наҷиби он ёдовар шуданд. Хуҷанд бо қаҳрамонҳои мардони шуҷоъаш, бо донишмандону ҳунармандонаш мояи ифтихори имрӯзиён мебошад. Таърихи шаҳри Хуҷанд ба қаъри асрҳо меравад, ки оғози он ба даврони Ҳахоманишӣ мепайвандад.

Хуҷанд дар саргаҳи Шоҳроҳи абрешимӣ дар Мовароуннаҳр ҳамчун маркази иқтисодӣ ҳарбӣ ва фарҳангу илм рушд кардааст. Роҳи бузурги абрешим ба Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрон, Шарқи наздик, Чин ва ҳавзаҳои баҳри Миёназамин аз ин ҷо мегузашт. Хуҷанд зодгоҳи лашкаркашони сарбаланд, олимони бузург, муаррихони номвар, шоирону нависандагон мебошад. Мунаҷҷим, риёзидон ва ситорашиноси тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, шоираи ширинкалом Маҳастии Хуҷандӣ, Қамбархони Хуҷандӣ, ғазалсарои беҳамто Камоли Хуҷандӣ, Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, ҷуғрофидон Ҳоҷӣ Юсуф ва садҳо дигарон, ки ифтихори миллати тоҷиканд.

Зиндакунандаи ёди онҳо ва осори ниёгон маҳз осорхона ба ҳисоб меравад. Осорхона маконест, ки маълумотҳои таърихиву илмиро бо бозёфтҳои бостоншиносӣ ва маводҳои таърихӣ барои тамошобинон манзур месозад. Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд, ки дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” қарор дорад, барои ҳар як тамошобин таърихи шаҳри Хуҷанди қадимаро муаррифӣ менамояд. Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Ҳуҷанд 27 ноябри соли 1986 ба муносибати 2500-солагии Хуҷанд (собиқ Ленинобод) ифтитоҳ ёфтааст. Ташаббускори ташкили ин осорхона бостоншиноси маъруф, шодравон академик Нӯъмон Неъматов (1927-2011) мебошад. Ба муносибати соҳиб шудан ба комёбиҳои бузург дар рушди хоҷагии халқ ва 2500-солагӣ, шаҳри Хуҷанд, бо фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 22 августи соли 1986 таҳти №55 II–XI бо ордени “Дӯстии халқҳо” мукофотонида шудааст.

Ин осорхона соли 2016 азнавсозӣ карда шуд. Экспонатҳо дар толори осорхона ба таври даврабандии таърихӣ ҷойгир гардида, ба шӯъбаҳои қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва асримиёнагии охиру давраи ҷадид бахшида шудааст. Дар осорхона он экспонатҳое, ки дар натиҷаи ковишҳои археологӣ, аз тарафи бостоншиносон Н.Неъматов, Т.В.Беляева, А.Билолов, А.Мирбобоев, С.Ш.Марофиев, М.Файзуллоев дар ҳудуди шаҳр ва “Қалъаи Хуҷанд” дарёфт гардидааст, ба намоиш гузошта шудааст. Дар экспозитсия асосан пораҳои маснуоти сафолин, ҷом, кӯза, табақ, хум, чароғҳои сафолин, хиштҳои нопухта, бозёфтҳои мансуб ба асрҳои IV-II то солшумории мелодӣ ва ғайра ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд. Экспонатҳои ба намоиш гузошта шуда аслианд. Вакилони маҷлиси шаҳрӣ дар иҷлосияи 18-уми маҷлиси вакилони халқии шаҳри Хуҷанд даъвати чаҳорум Рамз ва Рӯзи шаҳри Хуҷандро муқаррар карданд. Минбаъд ҳар сол 25-уми сентябр ҳамчун рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад.

Соли 2014 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои тайёр кардани лоиҳа “Нишони шаҳри Хуҷанд” ва муқаррар намудани “Рӯзи шаҳр” озмун эълон карда буд. Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд намоиши асарҳое, ки аз тарафи рассомони вилояти Суғд оиди қабул гардидани Рамзи шаҳри Хуҷанд омода гардида буд, инчунин ордени “Дӯстии халқҳо” бо ҳуҷҷатҳояш, ададиётҳо ба маърази тамошобинон гузошта шудааст. Ҳамарӯза аз осорхона садҳо нафар тамошобинони ватаниву хориҷӣ дидан менамоянд. Осорхона оинаи таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик аст. Мо кормандони осорхона кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин осори ниёгонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Хоҷаева М.

Мудири шуъбаи таърихи давраи муосири

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesБахшида ба ҷашни “Рӯзи шаҳри Хуҷанд”
Scroll to Top