Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тоқча

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тоқча, дар меъморӣ рафчаи равоқшакле, ки дар дохили деворҳои қӯшсинҷи хонаҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, сохта мешавад. Тоқча дар меъмории мардуми тоҷик аз қадим маъмул буда, онро барои нигоҳ доштани пиёла, коса, чойник ва дигар ашёи рӯзгор баъзан бо максади ороиши хона месозанд. Тоқчаҳо вобаста ба ҷойгиршавӣ ва андозаашон таъйиноти гуногун доранд. Навъе аз тоқчаҳо таҳмон аст. Тоқчаро маъмулан дар деворҳо паҳлуи хона месозанд, ки нисбатан ба таҳмон шаклан бориктар ва ҳаҷман хурд мешавад. Тоқчаҳо асосан дар қисми болои девор (дар сатҳи тиреза) ҷой мегиранд ва дар маҷмӯъ силсилаи ороиши дохили хонаро ташкил медиҳанд. Баъзан тоқчаҳо ҳошияи кандакорӣ (занҷира, кангура ва ғайра) ва дигар ороишҳо доранд. Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанд ва баъзе маҳалҳои дигар қисми поини тоқчаҳо равоқҳои рӯяк ё изораи тахтабандӣ доранд.

Ҳоло ҳам дар хонаҳои муосир, чойхонаю ошхонаҳои миллӣ тоқча месозанд.

                                  

Бо баробари ин гуфтаҳо дар хонаҳои намоишии Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ чунин намуди тоқчаҳою таҳмонҳо дида мешаванд. Дар он зарфҳои рӯзгордории мисину гилин, пӯлодин ва асбобҳои мусиқӣ ба маърази тамошобин гузошта шудааст.

Ҳар як мардуми кишвари азизамон ва берун аз он метавонад ба Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ  ташриф биёрад ва аз санъати волои тоҷик бохабар гардад.

Тошматова Т.

роҳбалади МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top