Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аробаи дучарха

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ароба ин нақлиёти анъанавии ду ва чорчарха барои кашонидани бор ва одамон ба шумор меравад. Ароба аслан аз шоту чархҳо ва тир иборат аст. Аз ин лиҳоз аробаҳо кушод, каппадор ва мавсимӣ мешаванд. Бо тараққӣ кардани нақлиётҳо аробаҳо аҳамияти худро гум карданд.

Дар замони муосир бошад дар баъзе ноҳияҳои дурдаст аробаҳоро барои боркашонӣ ва корҳои хоҷагӣ истифода мебаранд. Дар даромадгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” яке аз намунаи аробаи мазкур ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ароба соли 2019 аз тарафи комиссияи харидории назди маъхази осорхона харидорӣ гардида, дар китоби воридотӣ таҳти рақами КВ 4150 сабт шудааст. Ароба аз чӯб сохта шуда, дар паҳлӯяш ду чарх, ки ба шотур бо воситаи тирҳои чӯбин  пайваст гардидааст иборат аст. Дар қисмати пешаш ду чӯби дарозрӯяи ба ҳам мувозин дорад, ки барои пайваст кардани ароба ба ҳайвон истифода мешуд. Ҳамчунин дар ароба ҷойи нишастгоҳу боркашонӣ мавҷуд аст.

Ҳадаф аз гузоштани ароба ба намоиш ҳарчӣ бештар ҷалби тамошобинони ватанию хориҷӣ ба осорхона ва огоҳӣ намудан аз таърихи бою рангини халқи тоҷик мебошад.

Тошматова Т.

Роҳбалади МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top