Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

САҲМИ АҚИБГОҲ ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

9-майи соли 1945 - Рӯзи Ғалаба ба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатҳои музаффар хоҳад буд. Бо гузашти солҳо шукӯҳ ва азамати Ғалабаи Бузург барои мардуми олам торафт аёнтар мегардад, зеро ин Ғалаба мақсадҳои ботили ҳукмрони кулли олам шудани фашистони Германияро барбод дод ва ҳушдорест барои онҳое, ки дар сар хаёли хоми ғулом намудани халқҳоро мепарваранд.

Вақте ки хабари шуми ҳамлаи истилогарони гитлерӣ ба Тоҷикистон расид, тамоми халқ-пиру барно, марду зан ба ҳимояи Ватан якдилу яктан ба по хест. Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки торумор намудани фашизми гитлерӣ хизмати халқи ҷудогона набуда, балки намунаи олии якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.

Гузашти вақт наметавонад аз хотираи башарият мардонагӣ ва устувории мардуми шӯравиро, ки барои ҳифзи Ватани хеш бархоста буд, зудояд. Мо ба такрор рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар шуда, мекӯшем амиқтар дар бораи омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву ҷонфидоии онҳое, ки барои ҳифзи кишвар сина сипар намуданд, барои бо хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин намудани сарбозон дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат кашиданд, андеша ронем, хубтар дарк намоем. Муборизае, ки мардуми шӯравӣ бар зидди фашистони ғосиб мебурд, набарди одилона, озодибахш, набарди муқаддас буд.

Омили муҳими ғалаба, ваҳдат ва якмаром будани ҷабҳаву ақибгоҳ гардид. Корномаи синфи коргару деҳқон, зиёиёни шӯравӣ якҷоя бо қаҳрамониҳои сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи ғалабаро наздик овард.

Ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар таърих чун воқеаи бузург бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ҳар лаҳзаи 1418 рӯзу шаби муҳорибаи хунуни Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯшнашавандаанду саҳифае аз қаҳрамониву ҷонбозии мардуми шарафманд.

Дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз омилҳои муҳимтарин ақибгоҳ ба шумор мерафт. Тоҷикистон низ ҳамчун қисми таркибии ақибгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин комёбӣ ҳиссагузор аст. Солҳои ҶБВ халқи Шӯравӣ бо рӯҳияи баланд ва муҳаббати бепоён ба Ватан меҷангиданд ва меҳнат мекарданд. Онҳо итминони комил доштанд, ки Германияи фашистӣ ногузир шикаст мехӯрад.

Маҳз бо ҳамин мақсад дар муддати кӯтоҳ дар минтақаҳои аз фронт дуртар садҳо корхонаҳои ҳарбӣ аз нав барқарор гардиданд, корхонаҳои нав сохта шуданд ва истеҳсоли намудҳои мукаммали техникаи низомӣ ва лавозимоти ҳарбиро ба роҳ монданд. Дар натиҷа дар охирҳои соли 1942 Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷиҳати истеҳсоли техника ва лавозимоти нави низомӣ нисбат ба Германияи фашистӣ бартарӣ ба даст овард.

Тоҷикистони Шӯравӣ низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқ барои таъмини ҷабҳа бо лавозимоти зарурӣ ҷиддӣ ҷаҳд мекард. Мардуми тоҷик дар он солҳо размандагони диловарро бо молу амвол ва маҳсулоти саноатию зироатӣ таъмин мекарданд. Дар ақибгоҳ ба сафи артиш даъватшавандагонро дарси ҳарбу зарб меомӯзониданд ва онҳоро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ тайёр менамуданд.

Тоҷикистон ҳарчанд аз фронт дур бошад ҳам, ҳамеша бо пешсафони набард ҳамнафас буд. Ҷанговарони маҷрӯҳ дар бемористонҳои Тоҷикистон бо меҳру муҳаббат табобат карда мешуданд. Табибони ҳозиқи мо ба ярадорон умри дубора бахшида, бисёрии онҳоро боз ба ҷабҳа мефиристоданд.

Солҳои ҷанг дар дармонгоҳҳои ҳарбӣ ва бемористонҳои Тоҷикистон 28 ҳазор маҷрӯҳон табобат гирифтаанд. 25 ҳазор сарбозону афсарон шифо ёфта, боз ба ҷабҳа баргаштанд. Нафарони зиёде дар хоки Тоҷикистон манзили охират ёфтанд, ки ба хотираи онҳо дар баландиҳои қисмати шарқии Душанбе маҷмааи ёдбуд ва Чароғи фурӯзон бунёд гардидааст.

Соли 1941 дар Тоҷикистон барои муолиҷаи аскарон ва афсарони маҷрӯҳи аз фронт омада 29 госпиталҳои ҳарбӣ, аз ҷумла дар шаҳри Ленинобод 3 госпитал ташкил карда шуд, ки онҳо то баҳори соли 1944 фаъолият намуданд.

Дар давраи ҷанг тамоми соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ хидмати ҷабҳаро ба ҷо меовард. Корхонаҳои саноати сабук, бофандагӣ, хӯроквории Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳсулоти ба ҷабҳа зарур пардохтанд.

Корхонаҳои саноати сабук ба тайёр кардани либоси низомӣ, либоси таг, пойафзоли сарбозӣ, пӯстин, дастпӯшакҳои гарм ва ғайра шурӯъ намуданд. Бофандагон истеҳсоли оммавии абрешими парашютӣ ва ҷарроҳӣ, доккаи тиббӣ, газвори техникӣ ва ғайраро ба роҳ монданд. Дар корхонаҳои тайёркунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсоли афшураҳои гуногун, нони хушккарда, шарбатҳо ва ғайра зиёд карда шуданд.

Дар зарфи се моҳи ҷанг ба минтақаҳои шарқии мамлакат 1350 адад корхонаҳои калонтарин аз минтақаҳои ҷанг (асосан корхонаҳои саноатӣ, ҳарбӣ) кӯчонида шуданд, ки аз ҷумла 250 адад ба Осиёи Марказӣ дохил гардиданд. Аз байни ин корхонаҳо заводҳои консерви Одесса ва Феодосия, таҷҳизотҳои пивобарории Новочеркаск, заводи собунпазии Москваю Харков, фабрикаи шоҳибофии ба номи Шербакови шаҳри Москва, фабрикаи ресандагии Люберск, фабрикаи бофандагии шаҳрҳои Владимир, Балашиха ва чанде дигарро, ки маҷмӯан аз 30 адад иборат буданд, ба Тоҷикистон кӯчониданд.

Дар натиҷаи талошҳои пай дар пайи меҳнатии коргарон ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ корхонаҳои овардашуда дар як муддати кӯтоҳ ба кор даромаданд ва баҳори соли 1942 истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи ҷабҳаро ба роҳ монданд. Тоҷикистон ба яке аз минтақаҳои боэътимоди ақибгоҳи ҷабҳа табдил ёфт.

Дар солҳои ҷанг бисёр корхонаҳои саноати хӯрокворӣ низ истеҳсоли маҳсулоти худро вусъат бахшиданд. Комбинати консервбарории Конибодом коргоҳи меваконсервкунӣ ва афшураистеҳсолкуниро ба кор андохт. Соли 1942 дар пояи коргоҳи мавизтайёркунии шаҳри Ӯротеппа, ки филиали комбинати консервбарории Ленинобод буд, заводи мустақили мавизконсервкунӣ сохта шуд. Заводи консерви Исфара дар соли аввали ҷанг истеҳсоли 9 навъи нави маҳсулотро ба роҳ монд. Се коргоҳи ҷадид: афшураи помидорпазӣ, мевахушккунӣ ва ба сирко хобондани сабзавот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз пасмондаҳои ашёи хом – шарбат, спирт ва павидло истеҳсол карда мешуд.

Афзоиши маҳсулоти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ аз ҳисоби ба кор андохтани таҷҳизоти корхонаҳои кӯчонида овардашуда ба даст омад. Комбинати консервбарории Конибодом дар як шабонарӯз 36 ҳазор қуттӣ консерва, заводи консервбарории Ӯротеппа 500 қуттӣ консерви мевагӣ мебаровард, ки ин маҳсулот асосан барои ҷанговарон фиристода мешуд.

Дар миёнаҳои соли 1943 дар назди комбинати консерви Ленинобод коргоҳи тавлидкунандаи зарфҳои шишагӣ ба кор андохта шуд. Ин коргоҳ дар асоси таҷҳизоти кӯчонидашудаи заводи зарфҳои шишагии Феодосия сохта шуд. Худи ҳамон сол коргоҳи мазкур барои ҷумҳурӣ 1,2 миллион банкаҳо, 160 ҳазор баллонҳои зарфияташон селитра, 80 ҳазор 1,5 литра ва 1 миллион банкаҳои тунукагӣ истеҳсол намуд. Ин зарфҳо бо шарбату меваю афшура ба фронт ва ба заводҳои ҳарбӣ фиристода мешуданд.

Дар он айём бори гарони ақибгоҳ ба дӯши занон афтода буд. Масалан, дар соли 1941-50 фоиз, соли 1942-64 фоизи қувваи кориро занон ташкил медоданд. Дар аксарияти корхонаҳои саноатӣ 70-80 фоизи қувваи корӣ аз ҳисоби занҳо буд.

Бо вуҷуди ин дар тамоми солҳои ҷанг бисёр тоҷикон ба тариқи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳайси коргарони ақибгоҳ ба корхонаҳои саноати  ҳарбии Свердловск, Новосибирск, Челябинск, Татаристон, Қазоқистон фиристода шуданд. Дар тамоми давраи ҷанг бошад, ба корхонаҳои саноатии марказ 45 ҳазору 347 нафар коргарону мутахассисон ба кор фиристода шуданд, ки онҳо дар афзоиши маҳсулоти зарурӣ саҳми калон гузоштаанд.

Ташаббуси меҳнатпарастонаи умумихалқӣ барои ташкил додани сандуқ (фонд)-и мудофиа, ки дар ибтидои ҷанг дар саросари мамлакати бузурги шӯравӣ вусъат гирифта буд, дар миёни коргарону деҳқонон ва зиёиёни кишвари мо ҳам ҷонибдории самимӣ пайдо кард.

Дар вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) то охири соли 1941 ба сандуқи мудофиа 2 миллион сум пул, 70 тонна меваи хушк, қариб 16 тонна гӯшт ворид шуд.

Моҳи июни соли 1942 бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон комитетҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ва ноҳиявии ҳизбро вазифадор кард, ки ҳаракати ватандӯстонаи меҳнаткашонро дар бобати ҷамъ кардан ва фиристодани тӯҳфаҳо ба фронт ҳамаҷониба дастгирӣ ва сарварӣ кунад.

Солҳои 1943 ва 1944 мусобиқаи сотсиалистии Умимииттифоқӣ оид ба барзиёд истеҳсол намудан ва ба фронт фиристодани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ эълон гардид. Ин ташаббус дар қаламрави вилоят дастгирии ҳамаҷониба ёфта, солҳои 1942-1944 колхозу совхозҳои вилоят истеҳсол ва ба фронт фиристодани маҳсулоти хоҷагии қишлоқро афзун намуданд, аксарияти хоҷагиҳо пешсафи мусобиқаи Умумииттифоқӣ буданд.

Моҳи марти соли 1944 мусобиқаи Умимииттифоқии соли 1943 ҷамъбаст гардид, ки ноҳияи Шаҳристон дар вилоят ғолиби мусобиқаи сотсиалистии Умумииттифоқӣ гардида, бо Байрақи Сурхи сайёри Комитети Мудофиаи СССР сарфароз гардонида шуд. Дар ҷамъбасти соли 1944 ноҳияи Шаҳристон бори дуюм ғолиби мусобиқа дониста шуда, Байрақи Сурхи сайёри Комитети Мудофиаи СССР барои абадӣ нигоҳ доштан дар ноҳия мононда шуд.

Имрӯз Байрақи Сурхи сайёри Комитети Мудофиаи СССР дар осорхонаи ноҳияи Шаҳристон ҳамчун нишона аз ватанпарастӣ ва меҳнатдӯстии мардуми Шаҳристон нигоҳ дошта мешавад.

Барои ин дастовардҳои меҳнатӣ котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳристон Умар Сулаймонов ба ордени Ленин, раиси комиҷроияи ноҳия Мамарасул Баротов ва раиси комиссияи тайёр намудани хӯрокворӣ ба фронт Ризоқул Тӯқизбоев бо ордени Ҷанги Ватани дараҷаи II сарфароз гардонида шуданд.

Маҷмӯан дар давраи ҷанг заҳматкашони ҷумҳурӣ барои сандуқи мудофиаи ватан 30 миллиону 500 ҳазор сум пули нақд ва 45 миллиону 500 ҳазор сентнер ғалла супориданд.

Маблағҳои ба сандуқи хайрия дохилшуда барои сохтани ҳавопаймоҳои ҷангӣ, танку тӯп, аслиҳа ва лавозимотҳои маҳвсозандаи душман сарф шуданд.

Умуман дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон 532 ҳазор номгӯй либоси гарм, қариб 124 ҳазор дона пӯсти гӯсфанд, 93 ҳазору 400 киллограм мӯина ва зиёда аз 25 ҳазор метр газворҳои гуногун ҷамъоварӣ ва ба ҷанговарони шӯравӣ фиристода шуданд.

Заҳматкашони Тоҷикистон маҷмӯан дар давраи ҷанг барои сарбозони ҷабҳаҳо 151 вагон ё миқдори 89 ҳазору 930 пуд тӯҳфаҳои гуногун фиристоданд.

Дар солҳои ҷанг заҳматкашони Тоҷикистон тавассути сандуқи мудофиаи Ватан барои сохтани техникаи ҷангӣ ва тавлиди аслиҳаю муҳимоти он, ба шумули вомбаргӣ лотореяҳои низомӣ, ба миқдори 833.2 миллион сӯм саҳм гузоштанд.

Дар саркӯбии душмани ғаддор саҳми кишоварзони тоҷик ҳам калон аст. Умуман дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ колхозу совхозҳои Тоҷикистон ба давлат бештар аз 300 ҳазор сентнер ғалла, қариб 508 ҳазор тонна пахта, 2 миллиону 200 ҳазор пуд гӯшт (аз ин миқдор 316 ҳазор пудаш барои бунёди Артиши Сурх), даҳҳо ҳазор тонна пилла, мӯина, сабзавоту мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ супориданд.

Дар солҳои ҷанг мардуми мо асосан бо юғу сипор ва белу каланд кор мекарданд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд онҳо тавонистанд, ки ҳам фронт ва ҳам ақибгоҳро бо ғалла таъмин намоянд.

Занону духтарони баору номуси мо бо белу каланд ва ҷуфти гов соли душвори 1943 ҳамроҳи пирамардону кӯдакони наврас 700 ҳазор тонна ғалла рӯёнданд. Ин шуҷоату мардонагӣ ҳатто имрӯз низ касро ба ҳайрат мегузорад.

Дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ одамони касбу кори гуногун бо вуҷуди мушкилоти зиёди зиндагии худ, барои таъмини сарбозон бо хӯрокворӣ, сарулибос ва дигар маводи зарурӣ рӯзу шаб нагуфта пайваста меҳнат мекарданд. Худ гуруснаву бараҳна, вале ҳама чизро ба ҷабҳа барои Ғалаба ва ояндаи дурахшон мефиристоданд.

Ин гуна ақибгоҳро бо ягонагии манфиатҳои халқу  давлат, ягонагии иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию маънавии ҷомеа ягон давлати дигар фароҳам сохта наметавонад.

Ҳукумати Шӯравӣ меҳнати фидокоронаи ақибгоҳро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нек қадр кард. Вай корнамоии ақибгоҳро ба қаҳрамониҳои ҷанговарон баробар дониста, гурӯҳи калони заҳматкашонро бо орденҳои Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I ва II мукофотонид. Баъди саркӯбии душман ва анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ 102 ҳазор нафар коргарон, коркунони инженер-техникӣ, деҳқонони колхозӣ, зиёин ва хизматчиёни ҷумҳурӣ бо медали “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” мукофотонида шуданд.

Мо имрӯз бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки дар радифи ҷумҳуриҳои дигари Иттифоқи Шӯравӣ ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар саркӯбии Германияи фашистӣ саҳмгузор аст.

Имрӯзҳо дар байни мо онҳое зиндагонӣ мекунанд, ки дар ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонона заҳмат кашида, ба дастовардҳои Ғалабаи Бузург саҳми худро гузоштаанд.

Шуҷоат ва далерии занони кишвар дар солҳои сахту сангини Ҷанги Бузурги Ватанӣ қобили ёдоварии алоҳида мебошад. Ба хотир оред, ки онҳо бо меҳнати шабонарӯзии худ ба ақибгоҳ, бо матонату мардонагии хеш дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ба Ғалаба дилгарм кардани ҷанговарон чӣ корнамоиҳое ки карданд.

Аз ин ҷост, ки номҳои Ойгул Муҳаммадҷоноваи лочин, София Ниёзии табиб, Тӯҳфа Фозилова ва София Тӯйбоеваи ҳунарманд, Розия Озоди шоира ва даҳҳо нафар модарону хоҳарони мо дар таърихи он солҳо абадан сабт гардиданд. Онҳо ҷойи падарон, шавҳарон ва бародарони ба ҷанг рафтаашонро холӣ нагзошта, бо камоли майл ӯҳдадориҳои ба зимма доштаашонро шарафмандона иҷро менамуданд. Яке аз он занҳои қавииродаву мушкилнописанд Қурбонова Саодатхон –ки алҳол синнашон ба 95-солагӣ расидаасту дар ҳалқаи пайвандон давлати пирӣ меронанд, мебошанд. Чи тавре ки Қурбонова С. сафҳаҳои  хотироти худро варақгардон намуда, нақл менамоянд, дар он солҳои мудҳиш он кас акнун синфи ҳафтумро хатм намуда будаанд. Вақте ки хабари шуми оғози ҷангро шуниданд, дар меҳмонӣ дар шаҳри Тошканд-хонаи амакашон қарор доштаанд. Бо дидаҳои гирён ба хона назди модар баргаштанд. Аз он ки хату саводи хуб доштанд дар колхоз вазифаи ҳисобчигиро ӯҳдадор гардиданд. Сафи меҳнаткашонро асосан занҳову кӯдакон ташкил медоданд. Ба хотири он ки нақшаи бар зимма доштаашон барзиёд иҷро гардад, шабҳо дар сари замин гулханҳо афрӯхта меҳнат менамуданд. Бо вуҷуди он ки ҷанг буду қаҳтӣ ҳукмфармоӣ дошт, бо як буридаи нон ё донаи зардолуи қоқе қаноат карда, занҳову кӯдакон шабонарӯзӣ овораи кори саҳро буданд. Аз меҳнати пурмашаққати саҳро канора наҷуста, боз рӯзона машқи ҳарбиро низ меомӯхтанд.

Дар хотир дорам дорам, ки рӯзе барои хабаргирӣ ба хонаи холаам рафтам-мегӯянд очаи Қурбонова С. Он кас дар рӯи ҳавлӣ нишаста, овораи коре буданд. Кунҷковона пурсидам, ки хола чӣ кор мекунед?

Гуфтанд ки “орд месозам”. Баъд фаҳмидам, ки он кас пӯстлохи донаки зардолуро кӯфта орд бехтаанд. Вақте аз ин “орд” нон пухта хурдем, мисле ки хокро хӯрда бошӣ.

Дар хотир дорам, ки якчанд нафар ҳамсояҳоямон аз хӯрдани нони кунҷорагин варам карда, ҷон ба ҷонофарин супорида буданд. Солҳои ҷанг хеле вазмину пурмашаққат буд. Он рӯзҳои мудҳишеро ки мо дидем, илоҳо Шумоён набинед – мегӯянд гаштаву баргашта очаи Саодатхон Қурбонова.

Дар қалби нозуки очаи Саодатхон ғайр аз азобҳои азиму меҳнатҳои пурмашаққат дар ақибгоҳ, боз хотираи дигаре аз ин ҷанги хонумонсӯз боқӣ мондааст. Он кас бародари ягонаашонро, ки панҷ соли дароз ҳамаи азобҳои ҷанги хунинро паси сар намуда, танҳо якчанд рӯз пеш аз таслим гардидани Германияи фашистӣ вафот намудаанд, аз даст додаанд. Бародарашон Қурбонов Мансурҷон соли 1940 ба сафи Армияи Сурх даъват мешаванд. Аз рӯзҳои аввали оғози ҷанг дар муборизаҳо қаҳрамонона иштирок намуда, душмани ғаддорро то худи лонааш таъқиб менамоянд. Вале мутаасифона, рӯзи 4.05.1945 аз тири душман қалби Қурбонов М. абадан аз таппиш бозмондааст.

Барои Очаи Саодатхон Қурбонова ба хотир овардани он рӯзҳои мушкил, азобу машаққат ва корҳои шабонарӯзӣ дар саҳро басо сахту сангин аст...

Яке аз омилҳои пирӯзии халқ дар солҳои ҷанг бе ҳама шакку шубҳа ягонагии ақибгоҳу фронт, ягонагии армия ва заҳматкашон, интизоми оҳанини аскарону афсарон ва садоқати беинтиҳои онҳо ба Ватан буд.

75-солагии Ғалаба  дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии халқҳои мамлакатҳои Аврупо, хусусан барои иштирокчиёни бевоситаи ҷанг, ҳамзамони ҷанг, ки он солҳоро аз сар гузарониданд, дорои аҳамияти калон буда, мазмуну мундариҷаи хоса пайдо намудааст.

Бо гузашти солҳои зиёд арзиш ва азамати корномаи бемисли мардуми Тоҷикистон боз ҳам равшантар дар дилу дар ёдҳои мо нақш мегузорад ва чун намунаи ибрат зуҳур меёбад.

“Корнамоӣ ва ҷонфидоии модарону падарон моро даъват менамояд, ки Ватанамонро азизу гиромӣ дорем ва барои ободии кишвари худ ҳиссаи арзанда гузорем”-гуфтаанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи худ ба ветеранҳои ҷанг.

Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии насли калонсолро самти муҳими сиёсати иҷтимоии худ мешуморад, нафақаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳи солҳои ҷанг ва нафақахӯрон ҳар сол зиёд мешавад.

Корнамоии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи хизмати фидокорона ба Ватан мебошад. Аз ин лиҳоз, соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг эълон карда шуда буд.   

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чораҳои амалӣ андешида, ҳамаи имконият, воситаҳои мусоидро истифода ва сафарбар намуда, баҳри беҳдошти хотири  муҳофизони Ватан, абадӣ гардонидани хотираи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг равона менамояд ва барои амалӣ гардидани Барномаи ҷашнӣ чораҳои мушаххас меандешад.

Дар арафаи Иди 75-солагии Ғалаба ҳамаи онҳое, ки дар майдони муҳорибаҳо қаҳрамонию далерӣ нишон доданд, онҳое, ки дар ақибгоҳ заҳмати шабонарӯзӣ кашида ба наздик овардани Ғалабаи Бузург саҳми худро гузоштанду умри бобаракот мебинанд, сиҳатмандиву сарсабзӣ ва амалигардии орзуҳои некашонро хоҳонем.

Мо ворисон, ки Иди Ғалабаро ҷашн мегирем, пеши корномаҳои бемисли сарбозони Ватан заҳматкашони ақибгоҳ сари таъзим фуруд меоварем. Сари таъзим фуруд меорем пеши онҳое, ки тамоми сахтию маҳрумиятҳои солҳои ҷангро бар дӯш гирифта, ҳама ранҷу дарду азобҳоро пушти сар гузоштанд. Мо ворисон сари таъзим фуруд меорем ва аҳсант мегӯем ба онҳое, ки Ватани ҷангзадаро обод карданд ва бо ҳаёту зиндагии хеш нишон доданд, ки зиндагии насли музаффар чӣ гуна бояд бошад.

                                                                                                                                                             Аслиниссо Ёдгорӣ

Мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва

робита бо ҷомеаи Осорхонаи таърихии

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesСАҲМИ АҚИБГОҲ ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945
Scroll to Top