Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола санаи 27- уми июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз муҳимтарин идҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 - юмин солгарди хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози сулҳро ҷашн мегиранд.

Иди Ваҳдати миллӣ тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб шуда, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 дар бораи “Рӯзҳои ид” ва моддаи 83-и Қонуни меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Маҳз 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав дар нӯҳумин гуфтушуниди сулҳ, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон Саид Абдуллоҳ Нурӣ “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”-ро ба имзо расониданд. Ин ҳуҷҷати муҳим ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба ҷумҳурӣ сулҳу субот овард.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омада, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ пойдор мебошад.

Маъмурият ва ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат – 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, ба ҳар як хонадони мардуми шарифи Тоҷикистон ободиву осоиш ва хушбахтиву хушрӯзӣ, барои Ватани азиз - Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу суботи абадӣ ва фазои орому пешрафтро орзу менамояд.

Бигзор сулҳу якҷоягӣ доимо пойдор бошад!


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesРӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!
Scroll to Top