Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди меҳмонон аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

17 марти соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор дорад, мулоқот намуд.

Зимни мулоқот дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз меҳмонон ба МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, аз Осорхонаи таърихӣ, ки дар ин боргоҳ наздик 1500 нигораҳо мавҷуд буда, таърихи дирӯзу имрӯзи халқи тоҷикро инъикос менамояд, шинос гардиданд. Минбаъд, меҳмонон аз манзараҳои зебою дилфиреби Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх бо ҳамроҳии Котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Абдул Сами ба китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд оиди шиносоӣ аз таъриху фарҳанги вилоят ва меҳмоннавозии хуҷандиён изҳори қаноатмандӣ намуда, хотироти худро қайд намуданд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesБоздиди меҳмонон аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top