Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таъсисёбии шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Нусхаҳои хаттӣ баёнгари таъриху фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Аз ин лиҳоз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд моҳи апрели соли 2015 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр таъсис ёфт. Кормандони  шуъба аз замони таъсисёбӣ то имрӯз зиёда аз 400 адад китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ харидорӣ  ва ҷамъоварӣ кардаанд.

Барои ҳаматарафа рушд кардан ва пешрафти кори шуъба ҷамъоварии китобҳои дастхат, чопи сангӣ идома ёфта, дастхатҳои маҳфуз дар бойгонии осорхона мавриди омӯзиш қарор дорад.

Аз байни ин китобҳо нусхаҳои нодире ҳастанд, ки аз арзишмандтарин осори ниёгони мардуми тоҷик мебошад. Дар ин радиф метавон китобҳои “Асрору-л-фотиҳа”, “Маъориҷу-н-нубуват”, “Мавоҳибу-н-алия”, “Захирату-л-мулук”, “Таскирату-ш-шуаро” ва чандин китобҳои дигарро ном бурд. Аз ҷониби ходимони илмии шуъба то ин дам маълумотнома доир ба ҳар як китобҳои маҳфузбуда омода карда шуда, бархе аз онҳо, ба монанди: “Маъориҷу-н-нубуват”, “Мирвоҳу-л-арвоҳ”, “Девон”- и Алишери Навоӣ, “Тӯтинома”, “Дурру-л-аҷоиб” дар рӯзномаҳои маҳаллӣ ба табъ расидаанд.

Шуъба нақша дорад, ки феҳрасти нусхаҳои хаттии харидорикарда шударо пурра нашр намояд.

                                                    

                                                   Бойматова Мавҷуда

                                                Корманди илмии шуъбаи

дастхатҳо ва табъу нашр

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesТаъсисёбии шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр
Scroll to Top