Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон - 2019”

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд санаҳои 8 – 10 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон - 2019” баргузор гардид.

Дар Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон - 2019” аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндаи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, олимон ва коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои алоқаманд иштирок намуданд.

Форуми байналмилалии сайёҳӣ дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Куруши Кабир” баргузор гардид.

Маҳмудов М. – мудири шӯъбаи сайёҳии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинӣ иштирок намуда, шӯъбаи навтаъсиси маҷмааро муаррифӣ намуд.

Мақсад аз баргузории Форум ва Намоишгоҳ ин муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, рушди инфрасохтори соҳа, афзоиши шумораи сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesФорум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон - 2019”
Scroll to Top