Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нишони ифтихору сарбаландӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ  мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Дирафши Ковиён”-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон гардид. Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баландтарин буда, тӯли матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва Асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти кишвар, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо доимо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Рӯзи парчами давлатӣ дар Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2009 то кунун таҷлил мешавад. Дар ҳақиқат, Парчами давлатӣ мояи ифтихори хурду бузурги тоҷикистонӣ гардидааст ва ҳама орзу мекунем, ки Парчами Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesНишони ифтихору сарбаландӣ
Scroll to Top