Рейтинг: 



/ 0
- Подробности
-
Создано 21.11.2026 14:10
-
Просмотров: 12
Дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти №673- 1/16 аз 18 ноябри соли 2026, дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят, беҳтар намудани вазъи муҳити зист, ободу зебо гардонидани гирду атроф ва омодагӣ ба мавсими зимистон аз ҷониби кормандони МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд” шанбегии дастаҷамъона ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти ҳашар кормандони муассиса бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва руҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ ба корҳои ободонию созандагӣ ҷалб гардида, як қатор тадбирҳои муҳими тозагию беҳдоштӣ ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, роҳравҳои дохили ҳудуди қалъа ва боғи истироҳатӣ аз ҳар гуна партовҳо, хасу алаф ва баргҳои дарахтон тоза карда шуда, майдончаҳо, гулгаштҳо ва дигар мавзеъҳои ҳудуди муассиса ба тартиб дароварда шуданд. Ҳамзамон, хазонрезиҳои дарахтон ва буттаҳо ҷамъоварӣ, инчунин бо мошинаи махсуси алафдарав майдончаҳои сабзкориро дарав ва дигар пасмондаҳоро ба ҷойҳои махсуси муайянгардида интиқол дода шуданд. Дар баробари корҳои тозагӣ ва нигоҳ доштани ҳусни зебою сарсабзии ҳудуди муассиса дар фасли зимистон гулҳои мавсимии ба сармо тобовар шинонида шуданд. Инчунин гирду атрофи дарахтон ва буттаҳои ороишӣ ба тартиб дароварда шуда, барои ҳифзи онҳо дар давраи сармо тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Аз ин рӯ, нигоҳ доштани тозагиву ободкорӣ кормандони муассиса бо дарки масъулият, минбаъд низ баҳри ободонӣ, нигоҳдории тозагӣ, ҳифзи муҳити зист ва боз ҳам зебову ҷолиб гардидани ҳудуди қалъаи таърихӣ ва боғи фароғатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Добавить комментарий