Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дастони ободгар

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар асл, Қалъаи таърихии Хуҷанд яке аз маконҳои таърихию фарҳангии пурҷозибаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба шумор рафта, ҳамарӯза меҳмонону сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ аз он дидан мекунанд. Ин макони таърихӣ, имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва маърифатӣ табдил ёфтааст. Ҳар рӯз садои қадамҳои меҳмонон дар роҳравҳои қалъа ба гӯш мерасад. Дар саҳнаи он чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки таваҷҷуҳи сокинону сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Табиист, ки рафтуомади зиёди одамон ва баргузории чорабиниҳо ба тозагӣ, ободонӣ ва ҳолати роҳравҳои маҷмаа таъсири худро мерасонад. Дар чунин шароит саҳми кормандоне, ки барои нигоҳ доштани тартибу низом ва ҳусни ин макони таърихӣ заҳмат мекашанд басо назарррас аст.
Яке аз чунин кормандони заҳматқарину масъулиятшинос усто Азимҷон мебошад, ки дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолият дорад. Фаъолияти меҳнатии усто Азимҷон шояд дар назари аввал кори одӣ намояд, аммо дар асл он масъулияти ҷиддӣ ва муносибати дилсӯзона ба муҳити таърихиро тақозо мекунад. Ӯ бо эҳсоси баланди масъулият ҳамарӯза ҳолати роҳравҳои маҷмааро назорат намуда, сафолакҳои осебдида ва аз ҷойи худ ҷунбидаро ба тартиб меорад. Зеро аз рафтуомади пайвастаи меҳмонон баъзе сафолакҳо мешикананд ё ҷойи худро тағийр медиҳанд. Усто бошад, бо маҳорати касбӣ ва зиракии хос онҳоро таъмиру барқарор намуда, намегузорад, ки роҳравҳо ҳусну таровати худро аз даст диҳанд, чунки барои ӯ ҳар як гӯшаи қалъаи таърихӣ арзишманд аст.Ӯ хуб дарк мекунанд, ки нигоҳ доштани тартибу зебоии чунин макони таърихӣ танҳо вазифаи хизматӣ набуда, балки масъулият дар назди таърих, фарҳанг ва наслҳои оянда мебошад.
Маҳз заҳмати чунин инсонҳо имкон медиҳад, ки меҳмонон аз тамошои ёдгориҳои таърихӣ баҳра бурда, дар фазои орому зебо сайру гашт намоянд. Дар ҳақиқат, ободии муассисаи фарҳангӣ пеш аз ҳама аз меҳнати софдилонаи кормандон ва шахсони масъул вобастагӣ дорад.
Бале, усто Азимҷон, аз ҷумлаи он инсонҳоест, ки бо заҳмати хоксорона, вале судманди худ, дастони ободгар дошта, бо фаъолияти ҳаррӯзаи худ дар ҳифзи тозагӣ, тартиб ва зебоии муҳити муассисаи фарҳангӣ саҳм мегузорад. Худи усто Азимҷон бо эҳсоси самимият аз касбу кори интихобкардааш сухан мегӯяд. Ӯ мегӯяд, ки касби худро дӯст медорад ва фаъолият дар чунин макони таърихӣ барояш танҳо як вазифаи корӣ нест,балки масъулияти бузург дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад, ки ба андешаи ман дар чунин макони таърихӣ хизмат кардан хело кам аст. Гузаштагони мо ин мероси гаронбаҳоро бо заҳмату талош ба мо ёдгорӣ гузоштанд. Вазифаи мост, ки онро ҳифз намоем, обод нигоҳ дорем ва барои насҳои оянда чизе боқӣ гузорем- гуфт дар идомаи суҳбат. Воқеан, ин андешаҳо аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва масъулияти инсонии ӯ дарак медиҳанд.
Усто Азимҷон бо меҳнати ҳаррӯзаи худ собит месозад, ки барои нигоҳ доштани таъриху фарҳанги миллат ҳатман корҳои бузургу пуровоза анҷом додан шарт нест. Аз ин рӯ, баъзан заҳмати хомӯшу пайваста ва дилсӯзӣ ба ҳар як гӯшаи мероси ниёгон метавонад, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муҳим гузорад, зеро ки мероси ниёгонро ба наслҳои оянда ҳифз намуда, онро ободтару зеботар бояд ба онҳо супорид.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top