Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷилои фарҳанги миллӣ дар қалъаи Хуҷанд

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба суннату анъанаҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги волои тоҷикон ва тарғиби таомҳои миллии тоҷикӣ дар Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳавлии ҳунармандони мардумӣ даври вилоятии фестивали “Оши палов” ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ҳадафи эҳёву ҳифзи мероси гаронбаҳои фарҳангӣ, рушди ҳунарҳои анъанавӣ, муаррифии маҳсули дасти ҳунармандон ва тарғиби яке аз таомҳои маъруфу дӯстдоштаи миллати тоҷик оши палов роҳандозӣ гардида, дар он намояндагони 16 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд фаъолона иштирок намуданд.
Фестивал дар фазои идона ва бо иштироки ҳунармандон, пазандагон ва дӯстдорони фарҳангу анъанаҳои миллӣ баргузор гардида, гӯшаҳои намоиши шаҳру ноҳияҳо бо маҳсули эҷод ва ҳунари волои устоҳои мардумӣ оро ёфта буданд. Дар ҳар гӯша намунаҳои гуногуни ҳунарҳои миллӣ, аз қабили зардӯзӣ, кундалкорӣ, наққошӣ, тарроҳӣ, кордсозӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси вилояти Суғд, Анвар Яқубӣ иштирок намуда, аз намоиши дастовардҳои ҳунармандон ва маҳсули ҳунари пазандагони шаҳру ноҳияҳо дидан намуд. Зимни шиносоӣ бо гӯшаҳои намоишӣ ба ҳунари волои иштирокчиён, гуногунрангии маҳсули эҷодӣ ва талошҳои онҳо дар роҳи ҳифзу эҳёи суннатҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Қобили зикр аст,ки баргузории чунин чорабиниҳо дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди анъанаҳои миллӣ ва ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои аҷдодӣ аҳамияти муҳим дорад. Зеро ҳунарҳои мардумӣ на танҳо василаи рӯзғордорӣ, балки бозгӯкунандаи таъриху фарҳанг, завқи зебоипарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад.
Дар баробари намоиши ҳунарҳои мардумӣ, бахши дигари фестивал ба омода намудани оши палов бахшида шуда буд. Пазандагони шаҳру ноҳияҳо маҳорати худро дар омода намудани ин хӯроки миллии тоҷикӣ нишон дода, бо истифода аз маҳсулоти хушсифат, риояи тарзи анъанавии пухтупаз ва нозукиҳои хоси ҳар минтақа дастурхони идонаро оро доданд. Оши палов дар фарҳанги мардуми тоҷик, ҷойгоҳи хоса дошта, рамзи меҳмоннавозӣ, дӯстиву рафоқат ва дастурхони пурфайз мебошад.
Дар ҷараёни фестивал ҳайати ҳакамон маҳорати иштирокчиёнро аз рӯйи меъёрҳои муайяншуда мавриди баҳогузорӣ қарор дода, ғолибонро дар бахшҳои гуногун муайян намуданд. Аз ҷумла, дар бахшҳои тарроҳӣ, зардӯзӣ, кундалкорӣ, наққошӣ ва пазандаи беҳтарин иштирокчиёне, ки маҳорати баланди касбӣ ва истеъдоди хоса нишон доданд, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ғолибони озмун бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардида, барои иштирок дар давраи ҷумҳуриявии фестивал роҳхат гирифтанд. Ин қадрдонӣ, бешубҳа барои ҳунармандону пазандагон ангезаи тоза бахшида, онҳоро ба такмили маҳорат, ҷустуҷӯи роҳҳои нави эҷодӣ ва муаррифии бештари ҳунару фарҳангӣ миллӣ ҳидоят менамояд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҶилои фарҳанги миллӣ дар қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top