Кундал – яке аз намудҳои қадимтарин ва мураккабтарин тарзҳои ороишии меъморӣ ва амалӣ аст, ки бештар дар гулбандӣ, нақшу нигори деворҳо, шифтҳо, сутунҳо ва зарфҳои чӯбӣ истифода мешавад. Хусусияти фарқкунандаи кундал дар он аст, ки нақшҳои он ҳаҷмдор (барҷаста) сохта шуда, бо рангҳои дурахшон ва тиллооҳанг оро дода мешаванд (3, 541).
Мувофиқи тахмини олимон замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои маркази қадимаи тоҷикон - Самарқанд (Шоҳи Зинда, Гӯри Амир, Оқсарой) усули нави ороиш рӯи кор омад, қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тило оро медод, ки ба дебо шабоҳат дошт. Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб мекард (4).
Кундал аслан номи як навъ матоъ, ки дар гузашта истеҳсол мекарданд ва аз он хилъатҳои мардонаву занона, тоқӣ ва ғ. истеҳсол мекарданд (2, 78).
Тарзи омода намудани кундал чунин аст: аввал ба тахта ё девори суфта ширеш молида аз болояш матоъ мекашанд ва аз рӯи он боз як қабат ширеш мемоланд. Баъди хушконидан дар рӯяш ба воситаи гарда нақш мепартоянд (3, 541).
Пас аз он, ҳунармандони чирадаст – кундалкорон бо истифода аз рангҳои табиӣ ва бо суфта кардани онҳо ба кор ҷон мебахшанд.
Кундалнигорӣ на танҳо касб, балки ҷаҳонбинии ҳунарманд аст. Ҳар як хат, ҳар як гиреҳ ва ҳар як гул дар ин нақшунигор дорои маънои рамзӣ мебошад.
Нақшҳои ислимӣ ва ҳандасӣ таҷассуми зебоии табиат, ҳаёти ҷовидон ва мувозинати кайҳонӣ мебошанд.
Истифодаи рангҳои нозуки сурх, кабуд, сабз ва ҷилои тиллоӣ ба асарҳо шукӯҳи хоса бахшида, онҳоро дар зери нури рӯшноӣ бо ҷузъиёти нав бозӣ медиҳад.
Ин ҳунар дар шаҳрҳои Истаравшан, Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд решаи амиқ дошта, дар ороиши масҷидҳо, мадрасаҳо ва қасрҳои бошукӯҳ истифода шудааст, ки то имрӯз боиси ҳайрати сайёҳон мегарданд.
Имрӯз устодони кундалкор аз ҷумла И.Аҳмадов, Р.Сангинов, З.Ишонов, Ш.Сангинов, М.Муллоҷонов ва ғ. бо маҳорати баланди худ ин анъанаи қадимиро ҳифз карда, онро бо тариқи замонавӣ дар ороиши хонаҳо, осорхонаҳо ва лавозимоти муосири миллӣ татбиқ мекунанд. Ҳар як маҳсули кундал рамзи пайванди наслҳо ва муҳаббат ба фарҳанги аҷдодӣ аст.
Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ин навъи санъати ороишию амалӣ ба таври васеъ истифода гардидааст. Аз ҷумла, дар толорҳои намоишии муассиса, бахусус дар толори «Ҳавзаи илмӣ-адабии Хуҷанд», ҳунарҳои анъанавии наққошӣ ва кундалнигорӣ ба таври ҳунармандона ва дар шакли омехта истифода шудаанд. Ороиши мураккабу зебои сақфи толор бо ҳамоҳангии нақшу нигори миллӣ ва унсурҳои бадеӣ таҷассумгари маҳорати баланди ҳунармандони тоҷик ва идомаи суннатҳои қадимаи меъморию ороишии халқи тоҷик мебошад.
Илова бар ин, дар муассиса як толори хурде низ мавҷуд аст, ки махсус ба муаррифии санъати кундалнигорӣ бахшида шудааст. Дар ин толор намунаҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандони кундалнигори тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки бозгӯи маҳорати баланди эҷодӣ, завқи баланди эстетикӣ ва анъанаҳои ғании ин ҳунари суннатии миллӣ мебошанд.
Яке аз чунин намунаи кундал ин намояи кундалкории “Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки аз тарафи аъзои Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ, аъзои Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, дорандаи медали Хизмати шоиста устод Инъомҷон Аҳмадов омода шудааст (1, 134).
Дар ин кундал симои Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳои замони истиқлолият, таъриху фарҳанг ва пешрафти Ватани азизи мо инъикос ёфтаанд.
Дар қисми болоии кундал кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон тасвир шудаанд, ки рамзи зебоии табиати нотакрори кишвар мебошанд. Дар маркази кундал бошад Қасри Арбоб ва дар паҳлуи он бошад Қасри миллат ҳамчун ёдгориҳои муҳими таърихию меъморӣ инъикос ёфтаанд.
Ҳамчунин, дар кундал Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ҷой гирифтаанд. Ин рамзҳо ифодагари давлатдорӣ, дӯстӣ, ваҳдат ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик мебошанд.
Дар қисми дигари кундал Маҷмааи Истиқлол, ки рамзи истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон аст, тасвир шудааст. Инчунин, неругоҳи барқии обии Роғун ҳамчун рамзи пешрафту ободонӣ ва рушди энергетикии кишвар инъикос ёфтааст.
Тамоми ин манзара бо нақшу нигори зебои миллии тоҷикӣ оро дода шудааст, ки аз фарҳанги бой, ҳунари воло ва анъанаҳои қадимаи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Андозаи кундал 90х90 мебошад.
Ин кундал таҷассумгари таърих, фарҳанг, истиқлолият, ваҳдат ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Он дар қалби ҳар як бинанда меҳру муҳаббат ба Ватан ва ифтихори миллиро бедор мекунад.
Аз ин лиҳоз метавон натиҷагирӣ кард, ки санъати кундалнигорӣ шаҳодати он аст, ки ҳунари асил ҳеҷ гоҳ қимати худро гум намекунад; он мисли офтоб медурахшад ва ба дилҳо гармӣ мебахшад.