Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зебоии гулҳо дар остонаи зимистон

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Бо фарорасии фасли тирамоҳу наздик омадани боришоти боронҳои пай дар пай ободонию сабзкорӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” идома дорад. Боғбонони муассисаи мазкур бо роҳбарии директори боғи истироҳатӣ Абдусалом Қурбонзода бо мақсади боз ҳам зебову назаррабо гардонидани муҳити боғ ва фароҳам овардани фазои гуворо барои сокинону меҳмонони дуру наздик ба корҳои гулшинонӣ машғул мебошанд.
Дар ин рӯзҳои фасли тирамоҳӣ дар майдончаҳои гулгашти даромадгоҳи боғ гулҳои рангоранги бо номи “виола”- и ба сардии зимистон тобовар шинонида мешаванд. Ин гули зебову нафис,ки бо тобоварии худ ба ҳавои салқин ва гуногунрангии ҷолибаш фарқ мекунад, аз ҷумлаи гулҳои мавсимиест, ки метавонад дар рӯзҳои сарди тирамоҳу зимистон ба муҳити атроф таровату ҳусни тоза бахшад. Боғбонони муассиса бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи таҷрибаи касбии худ ниҳолҳои гулро бо завқу салиқаи хос дар қитъаҳои муайяншуда мешинонанд. Интихоби рангҳои гуногуни виола имкон медиҳад, ки гулгаштҳо бо тарҳу нақшу нигори зебо оро ёфта, симои даромадгоҳи боғ боз ҳам ҷолибу дилнишин гардад.
Бо иқдому ташаббусҳои роҳбарияти боғ ва заҳмати содиқонаи кормандону боғбонон кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин макони дӯстдоштаи истироҳату фароғати сокинон дар тамоми фаслҳои сол сарсабзу гулпӯш ва назаррабо боқӣ монад.
Ҳамин тавр, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ҳатто дар остонаи фасли зимистон монанди баҳори нозанин зебогии худро идома медиҳад.
Валӣ Набизод – котиби

Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЗебоии гулҳо дар остонаи зимистон
Scroll to Top