Рейтинг: 



/ 1
- Подробности
-
Создано 10.11.2026 09:57
-
Просмотров: 28
Дар асл, саҳна ҳамчун макони муаррифии ҳунар, эҷод ва арзишҳои фарҳангӣ дар ҳаёти маънавии ҷомеа нақши муҳим дошта ба ҳам овардани ҳунармандону дӯстдорони санъат ва тарғиби суннатҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин миён саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷанд бо муҳити хоси бостонӣ ва фазои фарҳангии худ мақоми хоса дорад.
Бале, дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” саҳнаи махсус барои баргузории барномаҳои ҳунарӣ, чорабиниҳои идона ва намоишҳои фарҳангӣ хизмат менамояд. Саҳна дар маънои васеи худ маконест, ки дар он ҳунару эҷод зуҳур намуда, андешаву эҳсосот тавассути сухан, мусиқӣ, суруд, рақс ва иҷрои нақшҳои бадеӣ ба тамошобин расонида мешаванд. Он минбари муаррифии истеъдодҳо, тарғиби арзишҳои миллӣ ва тарбияи завқи эстетикии ҷомеа буда, барои рушди муносибати маънавии инсон ба фарҳангу санъат мусоидат мекунад. Маҳз дар саҳна ҳунарманд бо тамошобин робитаи мустақим барқарор намуда, тавассути маҳорати иҷро, таъсирбахши сухан ва ҳунари саҳнавӣ ҷаҳони андеша ва эҳсоси худро баён месозад. Ҳар як барномаи саҳнавӣ метавонад на танҳо сарчашмаи фароғат, балки воситаи муҳими маърифат, тарбия ва шинохти арзишҳои таърихию фарҳангӣ бошад. Саҳнаи қалъаи таърихӣ бошад, бо ҷойгир будан дар муҳити бостонӣ ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҳусну ҷозибаи хос мебахшад. Дар ин макони таърихӣ гузаштаи пурифтихори ниёгон бо дастовардҳои муосир пайвандӣ ёфта, барои муаррифии ҳунару анъанаҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Дар саҳнаи мазкур чорабиниҳои идона, барномаҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарӣ ва маҳфилҳои гуногуни эҷодӣ бо иштироки аҳли фарҳанг, ҳунармандон ва гуруҳҳои эҷодӣ баргузор мегарданд. Барномаҳои мусиқӣ, суруду рақсҳои миллӣ ва намоишҳои ҷолиби ҳунарӣ ба фазои ин макони таърихӣ руҳу таровати тоза бахшида, таваҷҷуҳи сокинону меҳмононро ба фарҳангу санъати миллӣ бештар мегардонанд. Яке аз хусусиятҳои муҳими ин саҳна фароҳам овардани имконият барои муаррифии ҳунари театрӣ мебошад. Ҳунармандони театр дар ин ҷо бо пешниҳоди намоишҳои бадеӣ, саҳначаҳои тарбиявию маърифатӣ ва барномаҳои гуногуни эҷодӣ маҳорати худро ба тамошобинон нишон медиҳанд. Дар чунин ҳолат саҳна ба фазои муоширати зиндаи фарҳангӣ табдил ёфта, ҳар як иштирокдор метавонад худро ҷузъи муҳими барномаи пешниҳодшаванда эҳсос намояд. Дар баробари ин баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар саҳнаи қалъаи таърихӣ барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарғиби суннатҳои мардумӣ ва ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши фарҳангу санъат аҳамияти хос дорад. Чунин иқдомҳо имкон медиҳанд, ки ҷавонон бо намунаҳои беҳтарини ҳунари миллӣ ошно гардида, нисбат ба мероси таърихию фарҳангии халқи хеш эҳтироми бештар пайдо намоянд.
Ҳамзамон, ин макон барои ҳунармандони ҷавон имконияти хуби муаррифии истеъдод ва такмили маҳорати саҳнавиро фароҳам меорад. Иштирок дар барномаҳои фарҳангӣ ба рушди қобилияти эҷодӣ, баланд бардоштани маҳорати суханварӣ ва ташаккули фарҳанги муошират байни тамошобин мусоидат мекунад.
Дар маҷмуъ, саҳнаи қалъаи таърихӣ на танҳо макони баргузории чорабиниҳои идона ва намоишҳои ҳунарӣ, балки минбари муаррифии арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги маънавӣ ва пайванди наслҳо ба шумор меравад. Дар ин ҷо таърих бо ҳунар, анъана бо эҷод ва фарҳанги гузашта бо имкониятҳои замони муосир ба ҳам омада, фазои мусоиди фарҳангиро ба вуҷуд меоранд. Бешубҳа, ҳар як чорабинии фарҳангӣ ва ҳар як баромади ҳунармандон дар саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷанд қадаме дар роҳи ғанӣ гардонидани ҳаёти фарҳангии ҷомеа, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва муаррифии фарҳанги хлқи тоҷик мебошад.
Ин саҳна бо рисолати фарҳангии худ метавонад, минбаъд низ дар тарғиби ҳунару санъати миллӣ, баланд бардоштани завқи эстетикии ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ саҳми арзанда мегузорад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Добавить комментарий