Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат таҷассумгари иродаи халқ, заминаи ташкили ҳокимияти давлатӣ ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ мебошад. Он на танҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, балки инъикоскунандаи марҳилаи муайяни рушди таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҳар як кишвар низ ба шумор меравад. Маҳз тавассути Конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ, принсипҳои фаъолияти мақомоти ҳокимият, ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон муайян карда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, омӯзиши таърихи пайдоиш ва таҳаввули конститутсияҳо имкон медиҳад, ки раванди ташаккули давлатдории муосир, тағйирёбии арзишҳои ҳуқуқӣ ва нақши инсон дар ҷомеа аз нигоҳи таърихӣ мавриди таҳқиқ қарор гирад.
Таърихи пайдоиши андешаҳои конститутсионӣ аз давраҳои қадими ташаккули давлатдорӣ сарчашма мегирад. Ҳанӯз дар тамаддунҳои бостонӣ масъалаҳои қонунгузорӣ, тартиби идоракунии ҷомеа, муносибатҳои байни табақаҳои иҷтимоӣ ва масъулияти ҳокимон мавриди таваҷҷуҳ қарор доштанд. Гарчанде дар он давраҳо конститутсия ба маънои муосири он вуҷуд надошт, санадҳои ҳуқуқӣ ва маҷмӯи қоидаҳои давлатдорӣ барои ташаккули низоми минбаъдаи ҳуқуқӣ замина фароҳам оварданд.
Ташаккули конститутсияҳои хаттӣ дар шакли муосир бештар ба асрҳои XVIII ва XIX рост меояд. Дар ин давра дар натиҷаи дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоии давлатҳо ба қабули санадҳои асосии ҳуқуқӣ рӯ оварданд, ки бояд сохтори ҳокимият ва муносибатҳои байни давлату шаҳрвандро муайян мекарданд.
Яке аз намунаҳои барҷастаи ин раванд Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки соли 1787 қабул гардидааст. Он яке аз қадимтарин конститутсияҳои хиттии амалкунандаи ҷаҳон ба шумор меравад. Дар ин санад принсипи тақсимоти ҳокимият ба се шоха – қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар гардидааст. Дигар санади дорои аҳамияти таърихидошта, Конститутсияи Норвегия мебошад, ки 17 майи соли 1814 қабул гардидааст. Дар он масъалаҳои соҳибихтиёрии халқ, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷойгоҳи муҳим доранд. Дар таърихи конститутсионализми Аврупо Қонуни асосии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ки соли 1949 қабул шудааст, мавқеи махсус дорад. Ин санад дар шароити баъдиҷангӣ таҳия гардида, ба ҳифзи шаъну шарафи инсон, ҳуқуқҳои бунёдӣ, демократия ва волоияти қонун таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Ҳамин тариқ, омӯзиши таҷрибаи конститутсионии кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки ҳар як Конститутсия маҳсули шароити мушаххаси таърихӣ ва инъикоскунандаи арзишҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи худ мебошад.
Дар таърихи навини тоҷикон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 дар назди ҷомеаи Тоҷикистон вазифаи ташаккули низоми нави давлатдорӣ, муайян намудани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими соҳибихтиёрии кишвар қарор гирифт. Дар чунин шароити таърихӣ зарурияти таҳияи санади асосие ба миён омад, ки бояд самтҳои минбаъдаи рушди давлат ва ҷомеаро муайян мекард.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Қабули ин санади муҳим дар марҳилаи мураккаби ташаккули давлатдории миллӣ сурат гирифта, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ ва низоми нави ҳуқуқии кишвар замина гузошт. Баъдан, дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат буда, ҳар як боби он самти муайяни муносибатҳои давлативу ҷамъиятиро фаро мегирад.
Имрӯзҳо, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ба маврид аст ба таърихи ташаккул ва таҳаввули ин санади сарнавиштсоз, ҷойгоҳи он дар низоми давлатдории миллӣ ва аҳамияти он дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Эҳтиром ба он эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ояндаи кишвар аст.