Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳамкории созанда баҳри ҳифзи парандагон

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Табиат сарвати бебаҳои инсон буда, ҳифзу нигоҳбини он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин раванд, муносибати ғамхорона ба олами ҳайвоноту наботот, бахусус паррандагон, яке аз самтҳои муҳими тарбияи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати табиатдӯстии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳифзи паррандагон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фасли зимистонгузаронии онҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, дар доираи ҳамкории судманд байни ташкилоти ҷамъияти “Садо” ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иқдоми неку хайрхоҳона роҳандозӣ гардид.
Иқдоми мазкур бо ташаббуси раиси ташкилои ҷамъиятии “Садо”, Асадуллозода Манижа Насрулло ва дар ҳамкории намояндаи минтақавии соҳаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷанди Абдусалом Қурбонзода ва боғбонони муассиса ба иҷро расонида шуд. Дар доираи ин ташаббуси хайрхоҳона дар ҳудуди боғи фарҳангӣ ва қалъаи таърихӣ барои паррандагон лонаҳои сунъӣ, донхӯракҳо ва зарфҳои махсуси ғизодиҳӣ омода ва дар қисматҳои гуногуни дарахтон насб карда шуданд. Ин иқдом на танҳо як амали одии ғамхорӣ нисбат ба мавҷудоти зинда, балки намунаи равшани масъулияти иҷтимоӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созандаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи табиат мебошад.
Воқеан, боғи фарҳангӣ ва қалъаи таърихӣ ҳамчун яке аз маконҳои муҳими истироҳату сайругашти сокинон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ буда, дорои имкониятҳои мусоид барои ҳифзу нигоҳдории гуногуни олами зинда мебошад. Насби лонаҳои сунъӣ ва донхӯракҳо дар ин мавзеъҳои таърихӣ метавонад ба ҷалби паррандагон мусоидат намуда, ҳамзамон барои ташаккули афзоиши онҳо ба табиат замина гузорад.
Бешубҳа, ҳар як донаи ғизое, ки барои паррандагон гузошта мешавад, метавонад ҷони як мавҷуди зиндаро наҷот диҳад.
Умед дорем, ки чунин иқдомҳои нек дар оянда низ идома ёфта, ба ташаббуси ибратбахш барои дигар ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва дӯстдорони табиат табдил меёбад, зеро ғамхорӣ ба табиат ин ғамхорӣ ба ҳаёт мебошад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҲамкории созанда баҳри ҳифзи парандагон
Scroll to Top