Рейтинг: 



/ 0
- Подробности
-
Создано 31.10.2026 11:26
-
Просмотров: 9
Шаҳри бостонии Хуҷанд дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи мавҷудияти худ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими илму фарҳанг, маърифат ва тамаддуни миллати тоҷик шинохта шудааст. Ин шаҳри таърихӣ дар давраҳои гуногун фарзандони барӯмандеро ба камол расонидааст, ки бо дониш, истеъдод, ҷаҳонбинии васеъ ва фаъолияти созандаи худ дар рушди илму фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Яке аз чунин шахсиятҳои маъруф ва барҷастаи илми тоҷик Султон Умаров мебошад, ки номи ӯ дар таърихи ташаккул ва рушди илми муосири тоҷик мақоми хоса дорад.
Зиндагинома ва фаъолияти чунин олими барҷаста нишон медиҳад, ки пешрафти илму техника, пеш аз ҳама ба донишандӯзии пайваста, меҳнати содиқона ва талоши пайгирона барои дарёфти ҳақиқати илмӣ вобаста мебошад.
Султон Умаров 24 августи соли 1908 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ пас аз хатми мактаби ибтидоӣ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Самарқанд рафта, соли 1930 муассисаи олии омӯзгориро бо муваффақият хатм менамояд. Гирифтани маълумоти олӣ ба ӯ имкон фароҳам овард, ки донишҳои андӯхтаашро дар фаъолияти минбаъда истифода намуда, барои рушди соҳаи маориф ва илм талош варзад.
Соли 1933 Султон Умаров барои идомаи таҳсил ва такмили донишҳои илмии худ ба Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Ленинград ( ҳоло Санк - Петербург) дохил мешавад. Дар давраи таҳсил Султон Умаров таҳти роҳбарии физики маъруф Абрам Иоффе дониш ва таҷрибаи илмии худро такмил дода, бо усулҳои муосири таҳқиқоти физикӣ шинос мегардад. Соли 1926 дар ҳаёт ва фаъолияти илмии Султон Умаров марҳилаи муҳим ба шумор меравад. Дар ин давра нахустин корҳои илмии ӯ ба нашр расида, таҳқиқоти илмиаш дастраси доираи васеъи муҳаққиқон гардиданд. Дар ҳамон сол Султон Умаров рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика ҳимоя намудааст. Ҳимояи рисолаи номзадӣ барои фаъолияти минбаъдаи ӯ имкониятҳои нав фароҳам овард. Фаъолияти илмии ӯ дар рушди илмҳои дақиқ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар Осиёи Марказӣ аҳамияти махсус пайдо кард. Соли 1957 дар ҳаёт ва фаъолияти илмии Султон Умаров марҳилаи муҳим оғоз гардид, ки дар ин сол ӯ Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон интихоб гардид. Ин вазифаи пурмасъулият аз эътирофи дониш, таҷриба ва қобилияти ташкилотчии ӯ дар соҳаи илми физикаи ядроӣ шаҳодат медиҳад. Дар давраи роҳбарии худ Султон Умаров ба таҳкими заминаҳои моддию техникаи илм, такмили фаъолияти муассисаҳои таҳқиқотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди корҳои илмӣ- тадқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Яке аз дастовардҳои муҳими фаъолияти илмӣ ва ташкилотчии академик Султон Умаров дар рушди илми тоҷик ба таъсис ва ташаккули Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, соли 1964 ба номи академик Султон Умаров номгузорӣ карда мешавад, ки нишонаи эҳтиром ба шахсияти ин олими барҷаста дар пешрафти илми тоҷик ба шумор меравад.
Академик Султон Умаров 6 майи соли 1964 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Бо вуҷуди он ки умри ӯ нисбатан кӯтоҳ буд, фаъолияти пурсамари илмӣ, омӯзгорӣ ва ташкилотчигиаш дар таърихи илми тоҷик осори арзишманд аз худ боқӣ гузошт.
Имрӯз хотираи акамедик Султон Умаров ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи илми тоҷик, дар толори намоишии “Ҳавзаи илмию адабии Хуҷанд”-и Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, муҷассамаи ин олими маъруф қомат афрохтааст. Муҷассамаи устод Султон Умаров аз ҷониби ҳайкалтароши тоҷик Юсуф Юсупов офарида шуда, дар толори намоишӣ ба маърази тамошобин гузошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки хотираи академик Султон Умаров дар зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд низ гиромӣ дошта мешавад. Яке аз кӯчаҳои шаҳр ба номи ин олими барҷаста гузошта шудааст. Ин иқдом нишонаи эҳтирому арҷгузорӣ ба шахсиятҳои илмӣ ва хизматҳои арзандаи ӯ дар рушди илми тоҷик мебошад.
Шоирахон Атаева – роҳбалади
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Добавить комментарий