Рейтинг: 



/ 0
- Подробности
-
Создано 29.10.2026 11:43
-
Просмотров: 7
Санаи 28 октябри соли 2026 бо ташаббуси Сафири Фавққулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳиди Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон дар толори Маркази қалъаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намоиши нусхаи китобҳои нодири классикони адабиёти тоҷик баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яқубӣ, Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш, намояндагони корпуси дипломатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, роҳбарият ва кормандони соҳаи фарҳанг, олимону муҳаққиқон, аҳли илму адаб, донишҷӯён дигар шахсони масъул ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ муаррифии мероси ғании адабию фарҳангии халқи тоҷик, арҷгузорӣ ба осори гаронбаҳои адибони классик ва таҳкими робитаҳои фарҳангиӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳиди Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ арзёбӣ мегардад.
Дар намоиш аз Китобхонаи Бритонияи Кабир беш аз 18 намунаи нусхаи китобҳои нодири дастхатҳо ва осори адабии намояндагони барҷастаи адабиёти классикии тоҷик, аз ҷумла Девони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Куллиёт”-и Саъдӣ, рубоиёти Умари Хайём, маҷмуаи “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, “Девон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дигар суханварони маъруфи адабиёти форсу тоҷик, ки дар таърихи ташаккул ва рушди адабиёти миллӣ мақоми шоиста доранд, ба намоиш гузошта шуда муаррифӣ гардиданд. Баргузории чунин намоишҳо барои муаррифии нусхаи китобҳои нодир, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мероси адабии халқи тоҷик ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти ҳифзу гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ, нақши китоб дар рушди маърифати ҷомеа ва зарурати густариши ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ андешаронӣ намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки китоб ҳамчун сарчашмаи муҳими дониш, маърифат ва худшиносии миллӣ дар тӯли таърих дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва рушди фарҳанги халқҳо нақши муассир дорад.
Воқеан, дастхатҳои қадима ҳамчун ёдгориҳои гаронбаҳои фарҳангӣ, ташаккули илму адаб, рушди хаттотӣ ва ҳунари китобдорӣ буда, барои муҳаққиқон, донишмандон ва дӯстдорони китоб аҳамияти илмию маърифатӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки намоиши мазкур дар тӯли чанд рӯз идома ёфта, барои доираи васеи дӯстдорони китоб, аҳли илму адаб, муҳаққиқон, донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон имконият фароҳам меорад, ки бо нусхаи китобҳои нодир ва дастхатҳои таърихии адабиёти классики тоҷик аз наздик шинос шаванд.
Дар маҷмӯъ, баргузории чунин намоиши нусхаи китобҳои нодир дар самти ҳифзу муаррифии мероси хаттӣ ва фарҳанги таърихӣ ба шумор рафта, барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ, рушди маърифат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Добавить комментарий