Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зери сояи анъанае, ки дар ҳавлии тоҷир зинда аст

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Замоне буд, ки аксари калонсолон имрӯз он рӯзҳоро хуб дар ёд меоранд, ки дар фасли гармо саҳнаи хонаҳои тоҷикон, бахусус зери сояи токҳои пурбарг ё дарахтони сабз ба маҳфили хоси занона табдил меёфт. Он рӯзҳо ҳар як гӯшаи хона бо меҳру ҳунари занони хонадон рангу таровати хоса мебахшид. Дар миёни ҳамин маҳфилҳои гарму самимӣ модаркалонҳо гирди ҳам нишаста, бо сӯзану ришта ба дӯхтани кӯрпаю кӯрпача ё лаганда машғул мешуданд. Ҳар порчаи матоъ рангу нақши худро дошт ва ҳар дӯхта гӯё як порчае аз хотираи хонадонро дар худ нигоҳ медошт. Ҳангоми кор суҳбатҳо, қиссаҳои зиндагӣ ва панду насиҳатҳои модаркалонҳо аз як дил ба дили дигар мегузашт.Он рӯзҳо шояд касе фикр намекард, ки чунин манзараҳои одии рӯзгор рӯзе ба бахше аз мероси фарҳангии тоҷикон табдил меёбанд. Аммо имрӯз, шояд замоне ки бисёре аз ҳунарҳои дастӣ камтар дар рӯзгори ҳаррӯза ба назар расад, лек ин анъана дар Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, гӯшаи намунаи таърихии ҳавлии ҳунармандони мардумӣ ҳавлии тоҷир ҷойгир буда, дубора бо тамоми лавозимоти рӯзгор ба зиндагии мардум ворид гардидааст.
Бале, кӯрпачадӯзӣ ва лаганда кардан дар рӯзгори гузашта танҳо як кори хонаводагӣ набуд, балки он як навъ ҳунар, эҷодкорӣ ва ҳамкории занони хонадон ва шумор мерафт. Модарон ба духтарон ва модаркалонҳо ба наберагон нозукиҳои корро меомӯзониданд. Имрӯз дар ҳавлии тоҷир метавон чунин манзараро боз дид, ки фазои ҳавлии таърихӣ ба ин анъана ҳусни дигар зам мекунад. Дар он гирди кӯрпачаҳоро бодиққат лаганда мекунанд, то ки канорҳояш мустаҳкам ва зебо бошад. Дар ин ҷо гузашта ҳамчун таърих нақл намешавад, он дар пеши чашми бинанда дубора иҷро мешавад. Имрӯз ҳам дидани чунин лаганда кардани кӯрпачаҳо инсонро ба ёди дастони пурмеҳри модаркалонҳо ва рӯзҳои айёми кӯдакӣ мебарад.
Воқеан, агар ҳунар танҳо ба хотири калонсолон боқӣ монад, эҳтимоли аз байн рафтани он зиёд мегардад, лек агар духтарону наврасон ба ин кор ҷалб мешуданд, ин анъана имкони идомаи худро пайдо мекард. Дар замони муосир, ки зиндагӣ босуръат пеш меравад, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад, ки он дар амал дар ҳунар ва дар муносибати инсонҳо ба анъанаҳои гузашта идома меёбад. Шояд ҳавлии тоҷир маҳз чунин ҷой бошад, маконе ки сокинону меҳмонон на танҳо осорхона ва қалъаи таърихиро тамошо мекунанд, балки бо як порчае аз фарҳанги рӯзгори гузашта аз наздик шинос мешаванд.
Лек,шояд арзиши аслии чунин анъанаҳои гузаштагон дар ҳамин бошад, ки онҳо моро ба саҳифаҳои таърих мебаранд, аммо барои имрӯз ва фардо маънои нав пайдо мекунад.
Мадина Азимова - роҳбалади
МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЗери сояи анъанае, ки дар ҳавлии тоҷир зинда аст
Scroll to Top