Зимни боздид наберагон Опланчук Владимир Анатолевич, Кирилл Владимирович, Елена Викторовна, Виктор Владимирович ва Филипп Владимирович аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо таърихи пурғановати халқи тоҷик, фарҳанги қадима, анъанаҳои миллӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгони ва мардуми тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Наберагони Владимир Анатолевич Опланчукро омири кулли муассисаи мазкур, Иброҳим Иброҳимов шахсан истиқбол намуда, бо самимияти хоса хайрумақдам гуфт. Ин вохӯрии гарму самимӣ дар фазои эҳтиром, арҷгузорӣ ба таърих ва қадршиносии хизматҳои шахсиятҳои соҳибэҳтиром баргузор гардид. Роҳбари муассиса ҳамчунин аз моҳияти ҳамкориҳои судманди Владимир Анатолевич Опланчук ёдовар шуда, саҳми ин шахси соҳибэҳтиромро дар рушди муносибатҳои неку созанда муҳим арзёбӣ намуд.
Воқеан, Владимир Яковлевич Опланчук дар таърихи саноати кӯҳию химиявии Тоҷикистон мақоми хоса дорад. Ӯ аз соли 1960 то соли 1991 ба ҳайси директори Комбинати кӯҳию химиявии шаҳри Чкаловск фаъолият намуда, дар рушди саноат, такмили технологияҳои истеҳсолӣ саҳми назаррас гузоштааст. Барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи меҳнат соли 1970 ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дода шудааст.
Боздиди нахустини меҳмонон бо ҳамроҳии роҳбаладони муассиса аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд оғоз ва имкон фароҳам овард, ки онҳо бо саҳифаҳои муҳими таърихи бостонии Суғд, бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, фарҳанги моддию маънавии ниёгон ва марҳилаҳои гуногуни рушди тамаддуни тоҷикон шинос шаванд.
Сипас, меҳмонон аз Қалъаи таърихии Хуҷанд боздид намуданд. Шиносоӣ бо ин ёдгори таърихӣ ба меҳмонон имконият дод, ки дар бораи таърихи давраҳои гуногун, ки ба толорҳои намоишӣ ашёҳои нодир гузошта шудааст, маълумоти бештар ба даст оранд. Инчунин дар идомаи сайри маърифатӣ меҳмонон ба ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ рафта, бо ҳунарҳои анъанавии халқи тоҷик, аз ҷумла санъати дастӣ, ҳавлии тоҷир ва бо маҳорати ҳунармандони маҳаллӣ шинос шуданд.
Боздиди наберагони Владимир Яковлевич Опланчук аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ метавон, қадаме дар роҳи таҳкими робитаҳои инсонӣ, гиромидошти хотираи шахсиятҳои таърихӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои фарҳанги миллати тоҷик арзёбӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки акси Владимир Яковлевич Опланчук, яке аз шахсиятҳои намоёни соҳаи саноати кӯҳию химиявии Тоҷикистон, дар толори намоишии “Дар мавзуи вилояти Ленинобод дар солҳои 1946-1990”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ин гӯшаи намоишӣ саҳифаҳои муҳими таърихи вилояти Ленинобод ( ҳозира Суғд)-ро дар давраи рушди иқтисодию иҷтимоӣ инъикос намуда, дар бораи дигаргуниҳои саноатӣ, ташаккули корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ва саҳми шахсиятҳои барҷаста дар пешрафти кишвар маълумот медиҳад. Дар осорхона ҷой додани акси чунин шахсиятҳо аҳамияти таърихию маърифатӣ дорад. Зеро аксҳо ва дигар маводҳои ҳуҷҷатӣ хотираи шахсиятҳои барҷастаро зинда нигоҳ медоранд.
Ҳамин тариқ, боздиди наберагони Владимир Яковлевич Опланчук аз осорхонаи таърихӣ ва тамошои акси бобояшон дар толори мазкур барои онҳо на танҳо як лаҳзаи хотирмон, балки бозгашт ба саҳифаҳои таърихи оилаи худ ва шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори ниёгонашон хоҳад буд. Дидани акси бобояшон дар байни дигар ёдгориҳои таърихӣ имкон медиҳад, ки онҳо бо роҳи тайкардаи ӯ саҳму хизматҳояш ва нақши ӯ дар таърихи замони худ бештар ошно гарданд.
Бешубҳа, барои наберагони Владимир Яковлевич Опланчук ин боздид хотираҳои некро ба ёд оварда, эҳсоси ифтихор аз бобояшонро боз ҳам қавитар хоҳад кард. Хотираи инсонҳое, ки дар саҳифаҳои таърих осори худро гузоштаанд, то замоне зинда мемонад, ки наслҳои баъдӣ аз зиндагӣ ва корномаи онҳо ёд мекунанд ва ба мероси боқимондаи онҳо арҷ мегузоранд. Ин боздиди хотиромон бори дигар собит сохт,ки эҳтиром ба таърих, гиромидошти хотираи гузаштагон ва таҳкими робитаҳои неки инсонӣ метавонанд наслҳоро бо риштаҳои мустаҳками маънавӣ ба ҳам пайванд диҳанд.
Дар фарҷоми боздид наберагони ин марди фидокор ва заҳматписанд ба роҳбарияти муассиса, бахусус ба роҳбаладон барои истиқболи самимӣ, пазироии гарму дӯстона ва фароҳам овардани шароити мусоиди шиносоӣ бо ин макони таърихӣ изҳори сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.