Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди иштирокчиёни конфронс аз қалъаи таърихӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Санаҳои 21-24 октябри соли 2026 дар Маркази таълимию истироҳатии “Бонки миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Саҳми геология ва саноаткунонии босуръати кишвар” ва конфронси IX байналмилалии истифодабарандагони барномаи “Micrjomine” бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон баргузор гардид.
Дар доираи барномаи фарҳангии чорабиниҳои мазкур иштирокчиён ва меҳмонони конфронс аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуда, бо таърихи пурғановат, мероси фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд. Меҳмононро дар даромадгоҳи қалъаи таърихӣ омири кулли муассиса Иброҳим Иброҳимов самимона истиқбол гирифтанд. Зимни пазироӣ ба меҳмонон оид ба фаъолияти муассисаи фарҳангӣ, нақши он дар ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ маълумоти мушаххас пешниҳод гардид.
Сипас, меҳмонон бо ҳамроҳии роҳбаладони қалъаи таърихӣ аз толорҳои намоишӣ боздид намуда, бо нигораҳо ва маводҳои таърихию фарҳангии дар онҳо маҳфузбуда шинос шуданд. Роҳбаладон вобаста ба таърихи ташаккули тамаддун дар сарзамини Суғд, марҳилаҳои рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал доданд. Зимни боздид иштирокчиёни конфронс имкон пайдо намуданд, ки тавассути нигораҳои қадима бо саҳифаҳои гуногуни таърихи бостонии кишвар ошноӣ пайдо намуда, маълумоти бештар ба даст оварданд.
Ҳамзамон, меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ дидан намуданд. Дар ин мавзеъҳо ба онҳо оид ба хусусиятҳои меъморӣ, аҳамияти ёдгориҳои таърихӣ ва нақши ҳунарҳои мардумӣ маълумот дода шуд. Ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, ки бозгӯкунандаи маҳорати воло, завқи зебопарастӣ ва анъанаҳои деринаи ҳунармандии мардуми тоҷик мебошад, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Боздиди иштирокчиёни конфронс аз МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд” заминаи арзишманд ба шумор рафта, барои ошноии меҳмонони дохиливу хориҷӣ бо мероси таърихию фарҳангии вилояти Суғд ва имкониятҳои сайёҳии он мусоидат хоҳад намуд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesБоздиди иштирокчиёни конфронс аз қалъаи таърихӣ
Scroll to Top