Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Санъати муқарнас

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Санъат яке аз муҳимтарин падидаҳои фарҳанги башарӣ буда, дар инъикоси таърих, ҷаҳонбинӣ, арзишҳои маънавӣ ва зебоипарастии инсон нақши муҳим дорад. Он ҳамчун воситаи муассири ифодаи эҳсосу андеша ва ҳифзи мероси фарҳангӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ саҳми арзанда мегузорад. Санъати тоҷик бо таърихи куҳан ва анъанаҳои ғании худ дар рушди фарҳанги миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ мақоми хос дорад.
Муқарнас яке аз намудҳои нодир ва зебои санъати меъмории Шарқ буда, дар ороиши масҷидҳо, мадрасаҳо, мақбараҳо, қасрҳо ва дигар ёдгориҳои таърихӣ истифода мешавад.
Санъати муқарнас тақрибан дар асрҳои IX–X дар ҷаҳони ислом ташаккул ёфта, дар асрҳои XI–XIV ба авҷи рушди худ расидааст. Он дар меъмории Эрон, Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Афғонистон, Туркия ва кишварҳои арабӣ васеъ паҳн гардид.
Дар замони давлатҳои Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Темуриён ва дигар сулолаҳо ин навъи ороиш дар сохтмони биноҳои муҳташам истифода мешуд.
Вобаста ба давра ва минтақа, ҳунармандон муқарнасро аз маводҳои гуногун месохтанд: хишт; гаҷ ва андоваи ороишӣ; cанг; xӯб; cафол ва кошин; маводҳои рангуборшуда ва зарҳалкоришуда.
Дар Самарқанд, Бухоро ва дигар шаҳрҳои таърихӣ намунаҳои зебои он бо кошинкорӣ, нақшу нигори исломӣ ва хаттотӣ пайваст шудаанд.
Муқарнас танҳо ороиш нест. Он маҳорати муҳандисӣ, дониши геометрӣ ва завқи баланди бадеии меъморону ҳунармандонро нишон медиҳад.
Шакли ҳаҷмдор ва бисёрқабата дорад. Аксаран дар сатҳи ҳамвор иҷро мешавад. Аз қисмҳои ба ҳам пайваст иборат аст. Аз хатҳо, гулҳо ва шаклҳои гуногун иборат аст. Бо рӯшноӣ ва соя таъсири махсуси бадеӣ ба вуҷуд меорад. Бештар бо ранг ва хатҳои ороишӣ таъсир мерасонад.
Дар гунбазҳо, пештоқҳо ва тоқҳо васеъ истифода мешавад.
Дар толорҳои намоишии Қалъаи Хуҷанд санъати муқарнас аз ҷониби ҳунарманди чирадаст Мирзораҳим Қодиров бо шогирдонаш оро дода, маънои сохторӣ ва фалсафи дошта барои инъикоси садо хизмат мекунад ва аз 9 марҳилаи корӣ иборат аст. Аввал кашидани тарҳи лоиҳа. Дуюм кашидан дар қоғази махсус дар микёси як дар як. Сеюм сохтани тахмин дар замини ин толор ва гузаронидани накши муқарназ дар руи тахмин. Марҳилаи чорум ичроиши муқарназ бо мавод, яъне сохтани навъхои муқарназ. Марҳилаи панчум гирифтани қолаб. Шашум рехтан ва хушк кардан. Ҳафтум васл кардани қисмхои рехташуда. Ҳаштум корҳои пардозӣ ва ямоқ. Марҳилаи нуҳум рангубор ва тиллокории он. Дар толори марказии Қалъаи Хуҷанд ранги лоҷувард истифода шудааст. Ин ранг аз тарафи худи усто бо технологияи қадима сохта шудааст. Хамаи корхои ичрошуда бо таври дастӣ ичро шудаанд. Муқарнас унсури ороишии меъморӣ буда, аз қисмҳои хурди ҳаҷмдор ва зинамонанд иборат буда, қисмҳо ба таври муназзам болои ҳам ҷойгир шуда, сатҳи мураккабу зебо ба вуҷуд меоранд.
Ин навъи ороиш бо шаклҳои геометрӣ, ҷузъҳои бисёрқабата ва унсурҳои ба қатраҳои овезон ё лонаи занбӯри асал монанд фарқ мекунад.
Санъати муқарнас яке аз дастовардҳои муҳими меъмории исломӣ ва шарқӣ мебошад. Он пайванди байни ҳунари сохтмон, геометрия ва санъати ороиширо таҷассум намуда, то имрӯз диққати муҳаққиқон ва дӯстдорони мероси фарҳангиро ба худ ҷалб мекунад.
Шарифа Сайфиева – мудири
шӯъбаи оммавӣ-фарҳангии
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъа Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top