Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳунари адрасбофӣ мероси гаронбаҳои фарҳанги тоҷикон

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Ҳунарҳои мардумӣ аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, таҷассумгари завқи зебоипарастӣ, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати эҷодии халқи тоҷик мебошанд. Дар миёни ин мероси гаронбаҳо адрасбофӣ мақоми махсус дошта, садсолаҳо боз ҳамчун яке аз намунаҳои барҷастаи санъати бофандагии тоҷикон шинохта мешавад. Имрӯз ин ҳунари нодир бо сиёсати фарҳангпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардида, ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ ва муаррифгари фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хизмат мекунад.
Асосан адрас матои нимабрешимӣ буда, аз тори абрешим ва пуди пахтагӣ ё абрешимӣ бофта мешавад. Технологияи истеҳсоли он ба усули қадимаи рангубори пешакии тор асос ёфта, маҳз ҳамин тарзи бофандагӣ ба адрас нақшу нигори мавҷмонанд ва рангҳои ҷолиб мебахшад. Дар гузашта барои ранг кардани нахҳо аз маводи табиӣ, аз ҷумла пӯсти анор, испарак, барги дарахтон ва дигар гиёҳҳои ранга истифода мебурданд. Ин усул на танҳо сифати матоъро таъмин мекард, балки мутобиқати онро бо муҳити зист низ нигоҳ медошт.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки шаҳрҳои Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро ва водии Фарғона аз марказҳои муҳими адрасбофӣ ба ҳисоб мерафтанд. Устоёни тоҷик дар ин шаҳрҳо бо маҳорати баланди худ навъҳои гуногуни адрасро бо нақшу нигори хос истеҳсол намуда, онҳоро дар бозорҳои минтақа ва берун аз он ба фурӯш мебароварданд. Адрас на танҳо либоси рӯзгор, балки нишонаи завқи баланди зебоипарастӣ ва мақоми иҷтимоии соҳибонаш маҳсуб мешуд.
Мувофиқи маълумоти илмӣ, дар раванди истеҳсоли адрас чанд гурӯҳи усто фаъолият мекарданд: гурӯҳе барои омода намудани тор, гурӯҳе барои бастан ва ранг кардани нақшҳо ва гурӯҳи дигар барои бофтани матоъ. Ин тақсимоти меҳнат нишон медиҳад, ки адрасбофӣ як соҳаи мураккаби ҳунармандӣ буда, дониш, таҷриба ва ҳамкории чандин мутахассисро талаб мекард.
Имрӯз эҳёи адрасбофӣ самараи сиёсати фарҳангии давлат мебошад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфта, барои рушди онҳо заминаҳои мусоид фароҳам гардиданд.
Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Ҳунарҳои мардумӣ оинаи таъриху фарҳанг ва ифодагари завқу салиқаи миллати тоҷик мебошанд”.
Ин суханони Пешвои миллат аҳамияти ҳифз, омӯзиш ва тарғиби ҳунарҳои мардумиро ҳамчун сарвати маънавии миллат равшан месозанд.
Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ҳамчун яке аз марказҳои муаррифии таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад, ки дар шинос намудани меҳмонон бо ҳунари адрасбофӣ саҳми арзанда дорад. Намоиши дастгоҳҳои қадимаи бофандагӣ, намунаҳои адрас ва маълумоти илмӣ дар бораи таърихи ин ҳунар барои баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа ва эҳтиром ба мероси ниёгон мусоидат менамояд.
Ҳифз ва рушди адрасбофӣ танҳо посдории як навъи матоъ нест, балки ҳифзи таърих, фарҳанг, ҳунари воло ва ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.
Холдарова Мадина - роҳбалади МД МФТ
"Қалъаи Хуҷанд"
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҲунари адрасбофӣ мероси гаронбаҳои фарҳанги тоҷикон
Scroll to Top