Таърихи синамои тоҷик ба соли 1929 рост меояд, ки санаи 11 сентябри соли 1929 омадани аввалин қатораи мусофиркаш аз Тирмиз ба Душанбе ба навор гирифта шуд. Ин рӯйдодро наворбардорон Николай Гезулин, Василий Кузин ва Артём Шевич сабт карданд. 16 октябри ҳамон сол навори кинохроникавӣ дар бораи омадани қатора ва дигар рӯйдодҳои он давра ба намоиш гузошта шуд. Ин сана дар таърихи фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи махсус пайдо карда, ҳамчун Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад.
Соли 1930 киностудияи «Тоҷиккино» таъсис ёфт, ки баъдан бо номи «Тоҷикфилм» машҳур гардид. Дар солҳои аввали фаъолият асосан аз ҷониби филмофарандагон филмҳои ҳуҷҷатӣ ва кинохроникавӣ таҳия мешуданд. Бо мурури замон истеҳсоли филмҳои бадеӣ рушд карда, синамои тоҷик ба яке аз бахшҳои муҳими фарҳанги миллӣ табдил ёфт. Дар ин раванд коргардонҳо, филмноманависон, наворбардорон ва ҳунарпешагони соҳибистеъдод саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Воқеан, синамои тоҷик дар тӯли таърихи худ ба мавзӯъҳои таърихӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудааст. Инчунин дар филмҳои «Дохунда», «Ҳасани аробакаш», «Зумрад», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Қисмати шоир», «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш» ва «Марги судхӯр» аз ҷумлаи асарҳое мебошанд, ки дар муаррифии ҳаёти мардум, адабиёти классикӣ, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои маънавии ҷомеа хело нақши муҳим гузоштаанд. Ин филмҳо барои наслҳои гуногун на танҳо воситаи фароғат, балки сарчашмаи шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги халқи тоҷик мебошанд.
Дар миёни шахсиятҳои барҷастаи ҳунармандони тоҷик яке аз чеҳраи санъати синамо Маҳмудҷон Воҳидов (1939-1977) ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ бо истеъдоди нотакрори худ, ҳунари баланди саҳнавӣ ва маҳорати қироати осори адабӣ дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Метавон гуфт, ки дар рӯйхати филмҳои марбут ба фаъолияти ӯ асарҳое чун «Зумрад» (1961), «Ҳасани аробакаш» (1965), «Ҷӯра Саркор» (1969), «Достони Рустам» (1971), «Рустам ва Суҳроб» (1972), «Ситорае дар тирашаб» (1973), «Асрори пайраҳаи гумшуда» (1973–1974), «Ҳеҷбудагон» (1974–1975), «Як умр кам аст» (1974–1975) ва «Ишқи нахустини Насриддин» (1977) зикр мешаванд. Мероси эҷодии ӯ дар шинохти ҳунари тоҷик ва тарғиби арзишҳои адабию фарҳангӣ аҳамияти хос дорад.
Инчунин зикр намуд, ки Сайрам Исоева (1942) яке аз ҳунарпешагони маъруфи тоҷик бо нақшҳои гуногун дар таърихи синамои миллӣ ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Дар рӯйхати филмҳои марбут ба фаъолияти ӯ асарҳои «Тишины не будет» («Сукут нахоҳад буд», 1962), «Жизнь прошла ночью» («Зиндагӣ шаб гузашт», 1964), «Прозрение» («Бедорӣ», 1965), «Белые, белые аисты» («Лаклакҳои сафед», 1966), «Войди в мой дом» («Ба хонаи ман биё», 1967), «Третья дочь» («Духтари сеюм», 1970), «Рустам и Сухраб» («Рустам ва Суҳроб», 1971–1972), «Ураган в долине» («Тӯфон дар водӣ», 1972), «Встречи и расставания» («Вохӯриҳо ва ҷудоиҳо», 1973), «Одна среди людей» («Ягона дар миёни мардум», 1974) ва якчанд филҳои дигар низ зикр шудаанд.
Дар ин раванд Мӯътабар Иброҳимова (1930-2008) яке аз ҳунармандоне мебошад, ки номаш бо синамои тоҷик алоқаманд аст. Дар рӯйхати нақшҳои эпизодии марбут ба фаъолияти ӯ филмҳои «Кто был ничем» (1974), «Если любишь…» (1982), «Подарок» (1983) ва «Перестройка» (1990) оварда шудаанд. Ҳатто нақшҳои кӯтоҳ низ дар офаридани фазои бадеии филм, инъикоси воқеияти замон ва таъсиргузорӣ ба тамошобин аҳамияти худро доранд. Шиносоӣ бо фаъолияти чунин ҳунармандони барҷаста барои боз ҳам беҳтар дарк намудани таърихи синамои миллӣ ва қадр кардани саҳми назарраси онҳо дар рушди санъати кино мусоидат мекунад,
Қалъаи Хуҷанд ҳамчун яке аз марказҳои муҳими таърихию фарҳангии кишвар дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси ғании халқи тоҷик нақши муҳим дорад. Дар баробари ин, он ба макони арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва санъати миллӣ табдил ёфта, дар шинохту қадршиносии саҳми онҳо дар рушди фарҳанги тоҷик мусоидат менамояд.
Дар долони намоишии «Ҳунармандони машҳур»-и Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» аксҳои чеҳраҳои барҷастаи санъати тоҷик, аз ҷумла ҳунармандони маъруфи кино — Сайрам Исоева, Маҳмудҷон Воҳидов ва Мӯътабар Иброҳимова, ба маърази тамошои боздидкунандагон гузошта шудаанд. Ин гӯшаи фарҳангӣ ба тамошобинон имкон медиҳад, ки бо симои ҳунармандоне шинос шаванд, ки бо истеъдод, маҳорати касбӣ ва фаъолияти пурсамари худ дар рушди санъати тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҷой додани аксҳои ин ҳунармандон дар долони намоишӣ нишонаи эҳтиром ба мероси эҷодӣ ва хизматҳои онҳо дар рушди театру кинои миллӣ мебошад. Ҳар як акс на танҳо тасвири як шахсияти маъруф, балки бозгӯйи як саҳифаи таърихи фарҳанг ва ҳунари тоҷик аст. Барои дӯстдорони кино ва насли ҷавон чунин гӯшаи фарҳангӣ имконияти хубест, ки бо шахсиятҳои барҷастаи санъат, фаъолияти эҷодӣ ва нақши онҳо дар ҳаёти фарҳангии кишвар бештар ошно шаванд.
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки дар ҳудуди маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» фаъолият мекунад, дар ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии минтақа нақши муҳим дорад. Тавассути чунин намоишҳо, маводи маърифатӣ ва муаррифии чеҳраҳои шинохтаи миллат робитаи байни таърих, фарҳанг ва наслҳои имрӯз тақвият меёбад.
Дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар мавзӯи вилояти "Ленинобод дар солҳои 1946-1990" акси ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳирҷон Дӯстматов (1914-1967) иҷрокунандаи нақши "Қориишкамба" дар филми "Марги судхӯр"- ин романи Садриддин Айнӣ мебошад ба намоиш гузошта шудааст.
Кино ҳамчун воситаи ҳифзи хотираи таърихӣ ва муаррифии мероси фарҳангӣ аҳамияти бузург дорад. Филмҳои ҳуҷҷатӣ метавонанд ёдгориҳои бостонӣ, бозёфтҳои археологӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расму оинҳо ва шахсиятҳои барҷастаи таърихиро ба доираи васеи тамошобинон муаррифӣ намоянд. Дар ин замина, ҳамкории осорхонаҳо ва синамогарон барои сабту ҳифзи мероси моддию ғайримоддӣ ва таҳияи барномаҳои маърифатӣ мусоидат мекунад.
Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд 1 марти соли 2015 таъсис ёфта фаъолияташро расман оғоз карда, ба офаридани филмҳои ҳунариву ҳуҷҷатӣ машғул мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлоли кишвар аз тарафи Суғдсинамо чунин филмҳо ба навор гирифта шудааст:
Филми кутоҳҳаҷми «Коса» ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» дар Фестивали кушоди Осиёи Миёнагӣ «Орзу» дар Лондон, ҷоизаи «Беҳтарин асари кӯтоҳ» дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои ҳунарӣ дар Стокголм, ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар ҷашнвораи «Симо»-и телевизиони «Синамо»,
Филми ҳунарии «12 соли интизорӣ»
Филми мустанади «Духтари Сайҳун» Шоҳҷоизаи Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар байни филмҳои ҳуҷҷатӣ дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз»,
Филми ҳунарии «Тангно»
Филми ҳуҷҷатии «Соҳибватан»ҷоизаи «Беҳтарин филм дар Соли ҷавонон» дар ҷашнвораи «Симо»-и телевизиони «Синамо»,
Филми ҳунарии «Сайёра ранг иваз мекунад»
Филми ҳунарии «Дов»
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рушди фарҳанги миллӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии дастовардҳои эҷодии кишвар аҳамияти хос пайдо кардааст. Баргузории чорабиниҳои синамоӣ ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон», барои табодули таҷрибаи эҷодӣ, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муаррифии синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ имконият фароҳам меорад. Ҳамзамон, ҳифз ва рақамикунонии филмҳои куҳна, барқарорсозии нусхаҳои осебдида ва дастрас намудани онҳо барои наслҳои оянда аз вазифаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб мераванд.
Рӯзи кинои тоҷик на танҳо ҷашни кормандони соҳаи синамо, балки рӯзи арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, адабиёт ва ҳунари миллӣ мебошад. Филмҳои мондагор ва фаъолияти ҳунармандони барҷаста дар ҳифзи хотираи таърихӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ саҳми арзанда доранд. Ҳар як филми арзишманд метавонад ҳамчун ҳуҷҷати замон хизмат намуда, дар бораи зиндагии мардум, орзуву умедҳо ва арзишҳои ҷомеа ба наслҳои оянда маълумот диҳад.
Рӯзи кинои тоҷик муборак бод!